Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/52: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Солшумории дувоздаҳгонаи мучал''', ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол» машҳур аст, аз замо...
 
(бе тафовут)

Нусхаи кунунӣ то 00:02, 31 Декабри 2016

Солшумории дувоздаҳгонаи мучал, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Рӯзгори дувоздаҳсола банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, ки ба гуфти мардумонамон 6 ҳалолу 6 ҳаром аст.

Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои таърих, муайян намудани замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгонамон солбарории дувоздаҳгона даркор аст. Агар фаромӯш накарда бошед, дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и шодравон Ҳабибулло Назаров муаллиф маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ кардааст. Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.(бештар...)