Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 59:
Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.
Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:
{{иқтибос|муаллиф= Айнӣ|
::<big>'''Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
::;Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
::;Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
::;Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам'''</big>}}
 
::Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
::Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
::Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
::Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам
Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.
 
Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.
Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
::<big>'''Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
::;Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.'''</big>}}
 
::Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
::Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.
Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин « Марсия» - и ӯст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
::<big>'''Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
::;Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
::;Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
::;Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!'''</big>}}
 
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
::Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
<big>'''Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
::Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
::;Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
::Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
::;Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
::Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
::;Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
 
::;Хоҳам, он хонаимуфтию бедодуон ситамқозию вайронон бод!шоҳу вазир,
::;Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!'''</big>}}
::Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
::Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
::Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
::Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
::Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
 
Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои "Замзамаи дабистон", "Суруди мактаб", "Саҳаргоҳон" ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
::<big>'''Биёед, эй рафикон, дарс хонем,
::;Ба бекорию нодонӣ намонем,
::Ба олам ҳар касе бекор гардад,
::;Ба чашмиолам аҳлиҳар оламкасе хорбекор гардад.<ref name="millat.tj"/>,
;Ба чашми аҳли олам хор гардад.'''</big>}}<ref name="millat.tj"/>
 
===Китоби тақдирсози миллат===
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моротоҷикро инкор мекарданд.
Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. КитобиӮ китоби '''"Намунаи адабиёти тоҷик"'''- ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва... аз ҳазор сол қабл дар [[Мовароуннаҳр]] зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. "Намунаи адабиёти тоҷик"- ро дар соли [[1926]] баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.
Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин ([[Мовароуннаҳр]]у [[Хуросон]]) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод [[Рӯдакӣ]], Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.<ref name="millat.tj">[http://millat.tj/farhangvaadab/2094-2010-11-12-04-15-27.html Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик]</ref>
Мутаассифона, унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷикӣ" ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд - менависад Доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати "Намунаи адабиёти тоҷик" мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд.<ref name="millat.tj"/>
Line 106 ⟶ 109:
авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда , рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо» -ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.<ref>[http://www.ishq.tj/publ/shoironi_muosir/sadriddin_ajn/zindaginomai_sadriddni_ajni/18-1-0-25 Зиндагиномаи Садриддни Айнӣ ]</ref>
Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии СССР гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 10 -12 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
=== Саҳми илмӣ ===
[[Акс:1958 CPA 2177.jpg|200 px|right|thumb|Маркаи [[СССР]], [[1958]]]]
Line 112 ⟶ 116:
Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
 
::<big>'''Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
::;В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
::;Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
 
::;Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.'''</big>}}
::Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
::Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
 
Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.. <ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 10 -12 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ ==
Рӯзе дар хонаи нависанда [[Ҷалол Икромӣ]] нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла [[Мирзо Турсунзода]] ва профессор [[Брагинский Иосиф|Иосиф Самойлович Брагинский]] ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: {{аввали иқтибос}}Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод [[Айнӣ]] буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.{{охири иқтибос|сарчашма=http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи М. Шакурӣ}} Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик
хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд."<ref>[http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи М. Шакурӣ]</ref>
 
== Некдошти устод ==
Line 146 ⟶ 153:
[[Акс:TJ-Tajik Writers Union building, Dushanbe (5).JPG|thumb|Шоиру нависандагон дар шафати бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, С. Айнӣ бо М. Горкий]]
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ
* бо се ордени Ленин,
* ду «Байраки Сурхи меҳнат»,
Line 242 ⟶ 247:
* Ҷашни Айнӣ: Ҷилди Х. – Душанбе: Дониш, 2003. – 152 с.
* Ҷашномаи Айнӣ: Ҷилди ХI. – Душанбе: Дониш, 2010. – 139 с.
== Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ ==
Рӯзе дар хонаи нависанда [[Ҷалол Икромӣ]] нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла [[Мирзо Турсунзода]] ва профессор [[Брагинский Иосиф|Иосиф Самойлович Брагинский]] ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: {{аввали иқтибос}}Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод [[Айнӣ]] буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.{{охири иқтибос|сарчашма=http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи М. Шакурӣ}} Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик
хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд."<ref>[http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи М. Шакурӣ]</ref>
 
==Нигористон==