Фарқият байни намунаҳои "Одина Ҳошим"

илова
х (бот: ҳазф карда истодааст)
(илова)
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номином тоҷикӣ= Одина Ҳошим
|номи аслӣ = Одина Ҳошимов
|Номи аслӣ={{lang-fa|آدینه هاشم}}
|ном ҳангоми таваллуд =
|Акс=Adina Hashim.jpeg
|акс =
|Зодрӯз=[[13 июн]]и [[соли 1937]]
|бар =
|Зодгоҳ= [[Дашти Ҷум]], [[Шӯрообод]]
|тавсифи акс =
|Даргузашт= [[16 ноябр]]и [[соли 1993]]
|санаи таваллуд = 13.06.1937
|Вазифа= сароянда
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Шӯрообод|ноҳияи Шӯрообод}}
|табаият = {{парчам|Тоҷикистон}}
|шаҳрвандӣ =
|санаи марг = 16.11.1993
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе}}
|падар =
|модар =
|ҳамсар =
|фарзандон =
|намуди фаъолият = [[овозхон]], [[навозанда]]
|ҷоизаҳо ва мукофотҳо = медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», [[Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон]], дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]] ва диг.
|соядаст =
|сайт =
|викианбор =
}}
 
'''Одина Ҳошим''' - ба {{lang-fa|آدینه هاشم}}, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон, дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]].
==Зиндагинома==
Одина Ҳошим дар [[13 июн]]и [[1937]] дар деҳаи Нимдараи,[[Дашти Ҷум]]и,[[ноҳияи Шӯрообод]] чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Нахуст суруди Одинаи Ҳошимов «Ленин бародар раҳнамо» бар матни шоир [[Сайидалӣ Вализода]] ӯро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуда, дар сини биступанҷсолагӣ бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозаш гардонд. Сипас сурудҳои «Гулъузори ман куҷост?» (ғазали Ҳилолӣ), «Рафтӣ» (Сайидо), «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманӣ» (ғазали Ҷомӣ), «Соқиё бархезу деҳ ҷомро» (ғазали Ҳофиз), «Хиҷил аст сарви бӯстон бари қомати баландаш » (ғазали Саъдӣ), «Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад» (ғазали Соиб), «Аз чашми пурхумори ту мастӣ намеравад» (ғазали [[Ҳасани Деҳлавӣ]]), «Ё ҳар ду» (ғазали А. Лоҳутӣ), «Куҳан диёро» (ғазали Нодири Нодирпур) ва садҳои дигар, ки саршори меҳру муҳаббати поки инсонӣ, садоқат, некӣ ва дилрабоӣ буданд, дар иҷрои Одина Ҳошимов дилпазир ва форам ба самти ҳаводорони санъат расонида шуд ва то имрӯз бо ҳамон садои нотакрор аз тариқи садову симо ба ихлосмандони ҳунари ин ҳунарманди нотакрор пешкаш карда мешавад. Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимовро миёни мардум шуҳратёр на-муд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст. Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхони Ҳофиз]], Домулло Ҳалим, [[Шоҳназар Соҳибов]] ва [[Шариф Ҷӯраев]] дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар [[Эрон]]у [[Афғонистон]] низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд. Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст, ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Мӯҳтарамоваро боифтихор ба забон гирифт.
 
Борҳо дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат ( РСФСР соли 1965, дар Москва соли 1967, дар РСС Ӯзбекистон соли 1968) намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа аз қабили Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Яман, Ироқ, Қувайт, Адан сафарӣ ҳунарӣ намуд, бо ҳунари воло дили мухлисонашро ба ваҷд овардааст. Фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Одина Ҳошимов бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст,-мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов ва меафзояд: Шеъри тоҷикро ба мисли ӯ набуд донандае, Дар рамузи нуқтадонӣ беғалат хонандае. Тору пуди ҳофизиро беҳтарин бофандае, Қасри эҷодаш бимонад дар ҷаҳон пояндае. Тавре ки зикр намудем ин марди ҳунар фарзанди фарзонаю нотакрори миллати тоҷик Одина Ҳошимов аз соли 1953 то вопасин соли ҳаёт дар ҷодаи санъат ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари нотакрори хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.
== Мукофот ва ҷоиза ==
Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», ГрамотаҳоиИфтихорномаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, [[Ҳофизи Халқиихалқии РСС Тоҷикистон]] ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти[[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]] қадрдонӣ шудааст. Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.<ref>[http://www.kdbj-mirshakar.tj/images/PDF/odina_hoshim.pdf Одина Ҳошимов]</ref> <ref>[http://life.ansor.info/tj/odina_hoshimov/ Одина Ҳошимов]</ref>
 
== Манбаъ ==
Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст. Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.<ref>[http://www.kdbj-mirshakar.tj/images/PDF/odina_hoshim.pdf Одина Ҳошимов]</ref>
 
== Манбаъ ==
<references/>