Бароъати истеҳлол: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Created by translating the page "براعت استهلال"
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Бароáти истеҳлóл''' (аз {{lang-ar|براعت استهلال}}; бароат – [[санъат]], [[малака]], дониш ва [[истеҳлол]] – [[гиря]]и нахустини [[кӯдак]] пас аз [[таваллуд]], [[оғоз]], [[сарсухан]]) — дар илми бадеъ яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Мувофиқи талаботи ин санъат нигоранда дар дебочаи китоб, оғози асар, қасида, достон ва ғайра суханонеро меорад, ки ба воситаи онҳо хонандаро ба мазмуни асар, ба муҳтавиёти он роҳнамоӣ мекунад. Бад-ин васила байни муқаддимаи асар ва бахши асосии он таносуби иҷмолӣ ва тафсил ба вуҷуд оварда мешавад. Беҳтарин намунаи бароати истеҳлол «Дебоча»-и «Гулистон»-и Саъдӣ дониста шудааст, ки дар он омадааст: «...ҳар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд.... Барои нузҳати нозирон ва фусҳати хотирон китоби «Гулистон» тавонам тасниф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ дасти татовул набошад...». Ин қабил шиносонидани асарҳо ва ба мутолиаи асар ҷалб намудани хонанда дар осори аксар шоирони классики форс-тоҷик ва муосир ба назар мерасад. Масалан, Фирдавсӣ дар оғози достони «Сӯҳроб» («Рустам ва Сӯҳроб») абёти зеринро оварда, хонандаро ба мутолиаи достон даъват мекунад:
'''شگرفآغازی''' , ки قدیمیان илм тозашуда ӯ '''براعت инсон отвлекли''' мақомот, яке аз литературных .
:: Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,
:: Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
:: Яке достон аст пуроби чашм,
:: Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
:: Агар тундбоде барояд зи кунҷ,
:: Ба хок афганад норасида турунҷ.
:: Ситамгор хонам-ш, ар додгар,
:: Ҳунарманд хонам-ш, ар беҳунар.
:: Агар марг дод аст, бедод чист?
:: Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист?
«Найнома»-и [[Ҷалолиддини Румӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] (оғози «Маснавии маънавӣ») низ намунае аз бароати истеҳлол мебошад. Санъати бароати истеҳлолро дар оғози достони «Кремл»-и А. Лоҳутӣ, «Садои Осиё»-и М. Турсунзода ва ғ. дидан мумкин аст. Дар оғози достони «Садои Осиё» омадааст:
:: Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,
:: Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
== Манбаъ ==
* [[Санъатҳои бадеӣ]]
کزازی، میرجلال‌الدین، ''زیباشناسی سخن پارسی ۳: بدیع،'' تهران: کتاب ماد، چاپ دوم، ۱۳۷۳خ.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. Д., 1979;
* Мирзозода Х. Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1992;
* محمد شریفی. فرهنگ ادبیات فارسی. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش
* کزازی، میرجلال‌الدین، ''زیباشناسی سخن پارسی ۳: بدیع،'' تهران: کتاب ماد، چاپ دوم، ۱۳۷۳خ.
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Санъатҳои бадеӣ]]