Рӯдакӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Рӯдакӣ ва Сомониён: навсозии маълумот
Сатри 38:
Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдаки ба гӯши [[Сомониён]] [[Наср ибни Аҳмад|Наср II Сомонӣ|Наср II ибн Аҳмад]], ки сарвари [[Хуросон]] буд мерасад, ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад. Рӯдаки дӯсти ҳаррӯзаи Наср II мешавад ва боиси ҳурмату эҳтиром мегардад. Устодро асосгузори ''[[девон]]'', ки як намуди маҷмӯаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.
 
Рӯдакиро даставвал ба дарбори [[Насри IНаср ибни Аҳмад|Насри Аввали Сомонӣ]], ки солҳои [[864]]-[[892]] ҳокими [[Самарқанд]] буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси [[Абулфазли Балъамӣ]], ки аз соли 892 то соли 938 [[Вазирони давлати Сомониён|вазир]] буд, ба [[Бухоро]] бо пойтахти [[Давлати Сомониён|Сомониён]] даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии [[Мардуми тоҷик|халқи тоҷик]] буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули [[Мардуми тоҷик|халқи тоҷик]] айни муддао буд. Ӯ бо дарбори [[Исмоили Сомонӣ]] ([[892]]-[[907]]) ва [[Аҳмад ибни Исмоил]] ( [[907]]-[[914]] ) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори [[Наср ибни Аҳмад]]и Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
 
Бинобар хамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:
{{иқтибос|муаллиф=Рӯдакӣ|
:<big>'''Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
:;Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.'''</big>}}
 
 
[[Наср ибни Аҳмад]]и Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.
Line 68 ⟶ 69:
 
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар қасидаи "Модари май"-и худ сарзамини таҳти ҳукмронии Амири Сомониро, ки тоҷикон ҳувияти торихии худро вомдори эшон медонанд, Эрон мехонад ва аз он ба некӣ ном мебарад.
{{иқтибос|муаллиф=Рӯдакӣ|
 
:<big>'''Шодӣ Бу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
:;Он маҳи озодагону мафхари Эрон.
:;Он милки адлу офтоби замона,
:;Зинда бад-ӯ доду равшаноии кайҳон.
'''</big>}}
 
== Намунае аз осори Рӯдакӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рӯдакӣ"