Донишнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 12:
 
Солҳои 1751–1980 дар Фаронса зери таҳрири Д. Дидро ва Ж. Л. Д. Аламбер «Энциклопедия ё Луғати тафсирии илм, санъат ва ҳунар» чоп шуд.
[[Акс:1-ed-GSE.JPG|thumb|Нашри аввали [[Энсиклопедияи Калони Советӣ]]]]
 
=== Энсиклопедия дар замони шӯравӣ ===
Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ В. И, Ленин дар бораи зарурати ташкили луғату энциклопедияҳои советӣ масъала гузошт. Энсиклопедияҳои соҳавии зерин «Сельскохозяйственная энциклопедия» (ҷилдҳои 1–7, 1925–28), «Торговая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–5, 1924–25), «Педагогическая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–3, 1927–29) ва ғайра. Баробари нашри ''ЭнциклопедияиЭнсиклопедияи Калони Советӣ'' («Большая Советская Энциклопедия») марҳилаи нави инкишофи кори энциклопедӣ оғоз ёфт. 3 маротиба Энциклопедияи хурди советӣ нашр шуд. Дар соҳаи техника, тиб, адабиёт ва ғайра нашрҳои бисёрҷилдаи энсиклопедия ҳастанд. Дар охири солҳои 50 ва ибтидои 60 нашриёти «Советская энциклопедия» оид ба 20 соҳа энсиклопедия чоп мекардагӣ шуд. Охири солҳои 50 дар республикаҳои иттифоқӣ ба забонҳои миллӣ оид ба тайёр ва нашр кардан энсиклопедияҳо кор оғоз ёфт.
 
Се нашри «Энциклопедияи бачагона» (ҷилдҳои 1–10, 1958–62; нашри 2-юми ҷ.-ҳои 1–12, 1964–69; нашри 3-юм, ҷилдҳои 1–12, 1971–78) дар илми советӣ воқеаи муҳим буд.
Line 27 ⟶ 28:
Равияи ҷамъ кардани маълумот аз илмҳои гуногуни замони худ ба сурати як асари махсус аз қадим боз вуҷуд дошт, ки ''Авесто'' намунаи он аст. Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои энсиклопедӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедие чун [[Бундаҳишн (Китоб)|«Бундаҳишн»]], [[Динкард (Китоб)|«Динкард»]], «[[Ал-Қонун]]», «Донишномаи Улоӣ», «Матлаъ-ул-улум» ва «Маҷмаъ-ул-фунун», «[[Таърихи Табарӣ]]», «Сивон-ул-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоиб-ул-булдон», «Сурат-ул-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои энсиклопедии қадиманд. Мафҳуми энсиклопедия ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун – аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи энсиклопедияи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин дам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин махзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ намуданд.
 
Дар давраи ислом бисёр асарҳои илмӣ навишта шуда буданд, аз ҷумла, асарҳои энсиклопедии умумӣ ва соҳавӣ. Дар онҳо маълумот баъзан аз рӯи як тартиб, баъзан омехта ва бо ҳам пайваста ва гоҳ ба тартиби алифбо, ба тарзи луғат оварда мешуд. Қисми зиёди онҳо то асри 10–11 ва баъд аз он ба забони илмии онвақта – забони арабӣ таълиф мешуданд ва аксари онҳо дар [[Осиёи Миёна]], [[Афғонистон]] ва ё дар [[Эрон]] ва мамлакатҳои дигар аз тарафи тоҷикон ва намояндагони халқҳои дигари Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон таълиф меёфтанд ва баъзан ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума мешуданд.
 
=== Энсиклопедияҳои умумӣ ===
Line 33 ⟶ 34:
 
=== Энсиклопедияҳои соҳавӣ ===
Дар аввали асри 11 асари энсиклопедии доир ба шаш илм: мантиқ, илоҳиёт, табииёт, раёзиёт, нуҷум, мусиқӣ – «Донишнома» таълиф ёфт. Дар мобайни солҳои 1117–201117–1120 энсиклопедияи илмҳои даври худ – «Нузҳатномаи Алоӣ» таълиф шуд. Солҳои 1099–1102 ''Ғазолӣ'' «Эҳёҳу улуми-д-дин» ва соли 1179 Фахруддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ энсиклопедияи калони илмҳои исломӣ «Ҷомеъу-л-улум»-ро таълиф карданд, ки дар онҳо маълумоти оид ба дину мазҳабҳо, фалсафа, забон ва адабиёт, тиб, нуҷум ва ғайра оварда мешавад. Дар нимаи якуми асри 14 ''«Нафоису-л-фунун-фи ароисилу-юн»'' ва дар асри 15 «Риёзу-н-носиҳин» ба вуҷуд омадааст.
 
Дар асрҳои 16–18 таълифи энсиклопедияҳои умумӣ камтар ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми асри 19 то давраи советӣ дар Осиёи Миёна энсиклопедияи миёнаҳаҷми илму фанҳои асосӣ «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Воҷид Алихон машҳур ва мутадовил буд (таълиф солҳои 1845–1946). Аз энсиклопедияҳои мухтасар, ки дар ин давра мавриди истифода буданд, «Махзан-ул-улум»-и Браҷ Муҳан дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар охири асри 19 нашрҳои ҳиндустонии он машҳур гашт. Энсиклопедияи дигар «Риёзу-л-фирдавс» – таълифи Муҳаммад Ҳасанхон аст, ки ба равияи «Матлаъу-л-улум» дар Ҳиндустон дар охири асри 19 навишта ва нашр шуда буд. Дар асри 19 ва аввали асри 20 мубодилаи адабӣ ва маданӣ аз он ҷумла бо роҳи таълиф, нашр ва паҳн кардани асарҳои энсиклопедӣ байни Ҳиндустон ва Афғонистон Осиёи Миёна хеле ривоҷ гирифта буд. Бисёре аз асарҳои энсиклопедии Осиёи Миёна ривоҷи босазо дошт. Бештаре аз соҳавӣ ба забони урду тарҷума мешуданд (масалан, тарҷумаи урдуии «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Зайнулобидинхон, ки дар Ҳиндустон нашр гардид; тарҷумаи урдуии энсиклопедияи космографӣ, ҷуғрофӣ ва табиатшиносӣ «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ ва ғайра).