Имом Бухорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Шахсият/Ислом|илоҳиётшинос
}}
'''Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ''', бештар маъруф бо '''Имом ал-Бухорӣ''' ({{lang-ar|إمام البخاري}}; [[19 июл]]и 810, {{Зодгоҳ|Бухоро|шаҳри Бухоро}} — [[1 сентябр]]и 870, Хартанг наздикии [[Самарқанд]]) — [[Олим|донишманд]], [[муҳаддис]] (ҷамъовар ва пажӯҳишгари [[ҳадис]]) ва [[муфассир]] (шореҳи [[Қуръон]]), муаллифи яке аз ҷомеъи ривоёти [[Аҳли суннат ва ҷамоат|аҳли суннат]] «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ».<ref name="pravenc.ru">''Прозоров С. М.'' [http://www.pravenc.ru/text/153715.html Бухари] // Православная энциклопедия. Том VI. — М. : Церковно-научный центр «Православная энциклопедия», 2003. — С. 404 . — 752 с. — 39 000 экз. — <nowiki>ISBN 5-89572-010-2</nowiki>.</ref>
 
== Зиндагинома ==
Номи комил: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Форс. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, гузаштагонаш [[Маздаясна|зардуштӣ]] буданд, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими [[Бухоро]] Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Ӯ замоне вафот кард, ки Муҳаммад ҳанӯз хурд буд. Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид.
[[Акс:BukhariTripEnglish.jpg|left|thumb|250x250px|Сафари Бухорӣ ба Хурасону Ироқу Шаму Ҳидҷоз ва Миср]]
Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.
 
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.[[Акс:Imam_Bukhary_Egyptian_stamp_1969.jpg|thumb|Маркаи мисрӣ (1969).]]
 
== Осор ==
Заковати фитрӣ ва нубуғи андеша Бухориро шахсияти мунҳасир ба фард гардонид. Ӯ мегӯяд: «Дар назди Дохилӣ ҳадис меомӯхтам ва ҳанӯз ёздаҳ сол доштам. Рӯзе дар аснои ривояти ҳадис гуфт: Суфён аз Абузубайр аз Иброҳим. Гуфтам: Абузубайр аз Иброҳим ривоят накардааст, агар (нусхаи) аслаш мавҷуд бошад, ба он руҷӯъ кун! Чун ба асли он нигоҳ кард, пурсид: Он чӣ гуна аст, эй ҷавон! Гуфтам: Зубайр, ки Ибни Адӣ аст, аз Иброҳим ривоят кардааст». Муҳаммад ибни Абуҳотим – варроқ (котиб)-и Бухорӣ мегӯяд: «Шабҳо понздаҳ-бист бор аз хоб бархоста, чароғ меафрӯхт ва ҳадисҳоеро ёддошт ва ё нишонагузорӣ мекард». Бухорӣ мегӯяд: «Чун ба ҳаждаҳ даромадам, китоби «Қазоё-с-саҳобати ва-т-тобеин», пас аз он китоби «Таърих»-ро дар Мадина дар назди қабри Паёмбар (с) тасниф намудам, онро дар шабҳои моҳтобӣ менавиштам».
 
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.
[[Акс:Imam_Bukhary_Egyptian_stamp_1969.jpg|thumb|Маркаи мисрӣ (1969).]]
 
== Осор ==
Бухорӣ дар ин сафарҳои илмӣ сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси поёнтар аз онро ҳифз намуда, дар маҷмӯъ 600 000 ҳадис гирд овардааст ва аз миёни онҳо саҳеҳтарин маҷмӯаи суханони Расули Худо (с)-ро интихоб ва дар китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ»-и худ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» дарҷ намудааст. Бухорӣ пас аз ин сафари тӯлонӣ вақте ба Бухоро бармегашт, аз ҳар шаҳре, ки убур мекард, мардум бо гармӣ аз ӯ истиқбол мекарданд. Дар Нишопур чаҳор ҳазор аспсавор, илова бар касоне, ки бо васоили дигар омада буданд, аз ӯ истиқбол намуданд. Дар якфарсахии шаҳри Бухоро мардум барояш чодар заданд ва бар сару рӯяш зару сим нисор карданд.