Имом Бухорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 23:
Муаллифони ҷомеъҳои ҳадисӣ ва пешвоёни ҳадис ба монанди Муслим, Тирмизӣ, Абузуръа, Абуҳотим ва дигарон аз Бухорӣ ҳадис ривоят кардаанд. Имом Бухорӣ аз назари фиқҳӣ яке аз пешвоёни мазҳаб ва ё равиши аҳли ҳадис ва дорои назароти иҷтиҳодии хосси худ буд.
 
=== Дигар китобҳо ===
Яке аз омилҳои муҳимми муваффақияти Бухорӣ дар пешрафтҳои илмиаш, пас аз заковати фитрӣ ва талоши хастагинопазир дар роҳи касби илм, сарвати зиёде буд, ки аз падараш барои ӯ мерос монда буд.
 
Line 29 ⟶ 30:
=== Саҳеҳи Бухорӣ ===
Бухорӣ бо таълифоти равишманд ва осори илмии худ, бавижа китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» тавонист ҳаёти садри аввал ва тамаддуни исломиро ба таври комил ва дастнохурда ҳифз ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тақдим намояд ва дар сайри диншиносии ҷаҳонӣ ва маърифати фарҳангии наслҳо таъсир гузорад. Шарқшиносони аврупоӣ ба арзиши илмии осори Бухорӣ пештар пай бурда, соли 1862 ба таҳия ва чопи «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» дар чопхонаи Брелли шаҳри Лейден (Лейпсиг) иқдом карданд, ки нусхаи ҷилди1-и он дар китобхонаи донишгоҳи шаҳри Стаффорд дар Калифорния нигаҳдорӣ мешавад.
 
 
 
[[Акс:AlBukhari_mausoleum.jpg|right|thumb|Оромгоҳи Бухорӣ наздикии шаҳри [[Самарқанд]]]]