Ҳалво: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайнавиштҳо: гурӯҳ, таҳрир
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
'''Ҳалво''' (аз забони {{lang-ar|هلوا}} маънояш '''ширинӣ'''), номи умумии шираворе аст, ки аз [[шакар]], [[асал]], [[орд]], [[равған]], [[мавиз]]у [[бодом]], [[чормағз]] ва ғайра бо омехтани ҳар гуна адвиёти хушбӯй тайёр карда мешавад.
Калимаи '''«Ҳалво»''' аслан арабӣ буда, маънояш «ширинӣ» ва ё «хӯроки ширин» мебошад [11. с.720], чуноне ки Шайх [[Саъдӣ]] ёдрас шудааст:
 
:Чу як бор гуфтӣ, магӯ боз пас,
:Ки ҳалво чу як бор хӯрданд, бас.
 
== Таърих==
Таърихи пайдоиши анвои ҳалво дақиқан муайян нест, аммо дар баъзе сарчашмаҳои адабию таърихӣ ишораҳо ва номи баъзе аз навъҳои ҳалвои бостонӣ зикр шудаанд. Тибқи мутуни паҳлавӣ, дар аҳди сосониён ҳалвои махсуси вафринаг (wafrēnag) пухта мешудааст, ки он аз орду ширу шакар омода шуда, шаклан ба барфреза монанд будааст. Навъи дигари ҳалво ё шираворие, ки дар сарчашмаҳои паҳлавӣ зикр шудааст, гавзинак (gōzēnag) мебошад, ки аз шакару чормағз тайёр мешудааст
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳалво"