Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х таҳрир
Сатри 34:
|Эзоҳот=
}}
'''Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон''' ([[ҶМШС Тоҷикистон]]) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС УзбекистонӮзбекистон (дар ҳайати [[ИҶШС]]).
== Таърих ==
[[14 октябр]]и [[соли 1924]] дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ([[ИҶШС]]) таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин ([[Ғарм]] ва Дарвозу Ванҷ), [[Кулоб]], [[Қурғонтеппа]], [[Ҳисор]], [[Панҷакент|ноҳияи Панҷакент]] (ва Фалғар - [[ноҳияи Айнӣ]]), Ӯратеппа - [[ ноҳияи Истаравшан]] (ва [[Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ]]) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.
Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки [[9 декабр]]и [[соли 1924]] дар шаҳри [[Тошканд]] баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри [[Душанбе]] кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.