Ёдгории меъморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Таҳрир
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
[[File:Samaniden-Mausoleum 2006.jpg|thumb|Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро]]
Нахустин ёдгории қадимтарини [[Тоҷикистон]] ғорҳои Помири Шарқӣ ([[Ғори Шахта]]) аст, ки дар он суратҳои ҳайвонот ва симоҳои афсонавӣ кашида шуда, ба ҳазорсолаҳои даҳуму панҷуми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар [[Данғара]] сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои [[Панҷакент]] - [[Саразм]] ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми [[Байнаннаҳрайн]], Булуҷистон ва [[Ҳиндустон]] робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.
 
Дар асрҳои VI -IV то мелод давлатҳои сарзамини [[Осиёи Марказӣ]] дар тасарруфи [[Давлати Ҳахоманишиҳо]] буданд ва ин ба он мусоидат намуд, ки анъанаи меъморию бадеии тамаддунҳои хеле рушдкардаи Шарқ – [[Эрон]] ва ба василаи он Мидия, Бобулистон ва [[Миср]] ба [[Осиёи Миёна]] интиқол гардад.
Сатри 6:
Истилои [[Искандари Мақдунӣ]] дар асри IV то мелод халқҳои сарзамини [[Осиёи Миёна]], аз ҷумла Тоҷикистонро бо фарҳангу санъати юнониёни қадим ошно намуд. Дар ин ҷо давлати [[Юнону Бохтар]] ташкил ёфта, дар меъмории он таъсири нишонаҳои меъмории антиқаи Юнону Рим зоҳир гардид. Тимсоли шаҳрҳои қадимае, ки дар замони юнонию бохтарӣ бунёд шудаанд, Александрия Эсхатаи ([[Хуҷанд]]и имрӯза) дар [[Яксарт]] ([[Сирдарё]]), [[Тахти Сангин]] дар мавзеи ба ҳам омадани дарёҳои Вахшу Панҷ ва дигарҳо ба шумор мераванд. Ҳоло дар бузургшаҳри [[Тахти Сангин]] маъбади мардумӣ кашф гардида, ки онро ба Худои дарёи [[Окс]] ([[Амударё]]) мансуб медонанд. Дар толору ҳуҷраҳои маъбад зиёда аз 5000 ашёи гуногуни зебу зинат, ороишоти меъморӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва ҳар гуна ашёи маъбад дарёфт шудаанд.
 
Дар бинокории салтанати [[Кушониён]] (асрҳои I - IV мелод) ва дини расмии бутпарастии он пайкараю наққошиҳо фаровонанд, ки сохтори хонаву ибодатгоҳҳоро зебу зинатзиннат додаанд. Яке аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бутпарастӣ [[Аҷинатеппа]] аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ гардида, бо нигораю пайкараҳои зиёд ороиш ёфтааст. Дар байни маҷмааи пайкараҳои фаровон муҷассамаи дувоздаҳметраи Буддои хобида мавқеи хосса дорад. Аз ҷумлаи биноҳои сангдевори қадимаи ҳудуди Тоҷикистон [[Ямчун I (Сиёҳпӯш, Кофирқалъа)|Ямчун]]и [[Бадахшон]]ро (асрҳои III то мелод – V мелод) ном бурдан мумкин аст, ки деворҳои сангину манораҳои баланди боҳашамат дорад.
 
Дар давраҳои аввали асри миёна мавзеъҳои асосии бинокорӣ қасрҳои заминдорон ва деворгирии атрофии маҳалҳои аҳолинишин ба шумор мерафт, ки минбаъд заминаи бунёди шаҳрҳо гардидаанд. Ҳанӯз дар асри V [[cуғдиён]] аз [[Марв]]и бостон то Туркистони Шарқӣ дар сар то сари роҳи тиҷорат маҳалҳои аҳолинишин сохта буданд. Он маҳалҳои атрофашон деворгирифта минбаъд ба марказҳои бузурги идорию фарҳангии [[Осиёи Миёна]] табдил ёфта, дар онҳо ибодатгоҳҳо, манзилгоҳҳо ва қасрҳо бунёд мегардиданд.
Сатри 31:
Ҳоло дар [[Тоҷикистон]] 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 [[ёдгорӣ|ёдгори]]и меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
Ба ҳамин тариқа, мо ба василаи таҳқиқоти судманди бостоншиносон, меъморон, санъатшиносон ва дигар олимон бо ёдгориҳои фарҳангию меъмории мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо намудем. Бо мақсади он ки ин ҳама ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ҷомеа эҳсоси ифтихор ва инсондӯстиро бедор намоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш ба онҳо эътибор дода, барои муҳофизат ва истифодаи онҳо дар тарбияи меҳанпарастии мардум, ба хусус ҷавонон, шароити хуб фароҳам оварда мешавад.
 
== Боз нигаред ==
[[Рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Тоҷикистон]]