Аббос Алиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 31:
'''Аббос Алиев''' - соли 1899 дар Бухоро ба дунё омадааст, аз хурдсоли ятим мондааст ва аёми наврасӣ дар ш Чорҷӯй барои рӯзгузаронӣ меҳнат кардааст. Фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст. <ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>Ӯ яке аз иштирокчиёни сарнагун намудани аморати [[Бухоро]] 2 сентябри соли [[1920]] мебошад. Фаъолияти инқилобии ӯ дар [[Бухоро]], Когон ва Чорҷӯй сар шуд. Солҳои 1918–1920 сардори Комитети махфии ҳизбии Чорҷӯй ва яке аз ташкилотчиёни ҶХС Бухоро, солҳои 1921–1923 корманди нахустини идораҳои ҳизбӣ ва муассисаҳои давлатӣ, баъдан муҳаррири [[рӯзнома]]и «Қутулуш» (баътар «Бухоро ахбори», «Озод Бухоро», «Бухоро пролетари», «Бухоро ҳақиқати») буд.
Аббос Алиев яке аз Қаӽрамонони Ҷумҳурии Халқии Бухоро гардиааст ва соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ]] дар рисолаи Аббос Алиев чунин навиштааанд: {{аввали иқтибос}}''«Аз ин ёдмондаи [[Ҷалол Икромӣ]] маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад.
Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд.
Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбекӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбекӣ карда буданд.»''{{охири иқтибос}}<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref> навиштааст дар рисолааш [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]]
 
Соли 1922 мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст. Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯроии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. Абдулқодир Муҳиддинов нахустин сарвазири Тоҷикистон – раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон – комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод Лоҳутӣ буд. {{аввали иқтибос}}''«Он солҳо, ки вазири маориф буд, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ки нав шакл мегирифт, ширкат дошт. Барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» бисёр давутоз кард ва соли 1926 сармуҳаррири он буд. Инчунин, нахустин рӯзномаи Тоҷикистон «Бедории тоҷик» бо ширкати фаъолонаи ӯ таъсис ёфт. (Дар ин бора ниг: [[Пайванди Гулмуродзода]]. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон. 2006. – с. 152-158). [[Шӯҳрат Саъдиев]] мегӯяд: «Ӯ чун рӯзноманигори оташсухан бо мақолаҳои рӯзмаррааш дар ҷумҳурӣ машҳур буд»''{{охири иқтибос}}<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
Сатри 45:
* Солҳои 1927 -1930 – таҳсили илм ва кор дар Институти ховаршиносии Маскав;
* Солҳои 1930 – 1936 – устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ, Тошканд) ва Дорулмуаллимини тоҷикон
(Тошканд).
(Тошканд).<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref> Солҳои 1933-1935 аввалин [[профессор]]и [[тоҷик]] дар Донишгоҳи Осиёимиёнагии ш. [[Тошкент]].
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ]] менависад:{{аввали иқтибос}}''«Ин аст, ки Аббос Алиев аз тоҷикон якумин донишманде буд, ки ба унвони профессорӣ расид. Абдуррауфи Фитрат хеле пештар аз Аббос Алиев унвони профессорӣ дарёфт, лекин Фитрат худро турк ба қалам дода, ба сифати як донишманди ӯзбек соҳиби ин унвон гардид. Аз ин рӯ, мо на Фитрат, балки Аббос Алиевро нахустин профессори тоҷик ба шумор меоварем»''{{охири иқтибос}}.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
 
Солҳои [[1935]]-[[1939]] бадарғашавӣ (дар натиҷаи тӯҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуазӣ". Дар мақолаи Ш.Саъдиев порае аз тарҷумаи ҳоли Аббос Алиев оварда шудааст, ки сабаби зиндонӣ шуданашро эзоҳ медиҳад. Аббос Алиев навиштааст:
{{аввали иқтибос}}''«Дар Ӯзбекистон ман боз ба «абарқудратон» рӯбарӯ шудам… Сабаби ба ҳабс гирифта шуданам навиштани асаре буд, ки дар он ман ғалату камбудиҳои китоби Раиси Шӯрои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаевро, ки ба инқилоби Бухоро бахшида шуда буд, фошу танқид карда будам»''{{охири иқтибос}}. (Ш. Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6. – с.68).
 
Аббос Алиев баъд аз озодшавӣ аз бадарға, Ӯзбекистонро тарк намуда ба ш. [[Сталинобод]] кӯчидааст.
 
СолҳоиӮ солҳои [[19351939/40]]-[[19391947]] бадарғашавӣкасби (даромӯзгориро натиҷаипеша тӯҳматинамуда, милатгароёниба ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуазӣ". Солҳоиҳайси [[1939профессор]]-[[1947]] профессор, мудири кафедраи таърихи Шарқи Қадим ва халқҳои ИҶШС, декани факултети таърих [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии педагогии ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко]] будфаъолият намудааст ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дарс мегуфтгуфтааст. Соли [[1947]] соҳибӯ шудан басоҳибӣ унвони илмии [[доктори илмиилм]]ҳои таърих - аввалин доктори илм аз байни тоҷикон гардидааст. Солҳои [[1948]]-[[1958]] таркАббос Алиев намудани [[Тоҷикистон]] ватарк фаъолиятнамуда фаъолияташро дар мактабҳои олии шаҳрҳои [[Бишкек]], [[Владикавказ]], Днепропетровск, [[Алмаато]] давом додааст. Дар ш. [[Алмаато]] соли [[1958]] дафн карда шудааст.
 
==Мероси илмии Аббос Алиев==