Аббос Алиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 31:
'''Аббос Алиев''' - соли 1899 дар Бухоро ба дунё омадааст, аз хурдсоли ятим мондааст ва аёми наврасӣ дар ш Чорҷӯй барои рӯзгузаронӣ меҳнат кардааст. Фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст. <ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>Ӯ яке аз иштирокчиёни сарнагун намудани аморати [[Бухоро]] 2 сентябри соли [[1920]] мебошад. Фаъолияти инқилобии ӯ дар [[Бухоро]], Когон ва Чорҷӯй сар шуд. Солҳои 1918–1920 сардори Комитети махфии ҳизбии Чорҷӯй ва яке аз ташкилотчиёни ҶХС Бухоро, солҳои 1921–1923 корманди нахустини идораҳои ҳизбӣ ва муассисаҳои давлатӣ, баъдан муҳаррири [[рӯзнома]]и «Қутулуш» (баътар «Бухоро ахбори», «Озод Бухоро», «Бухоро пролетари», «Бухоро ҳақиқати») буд.
Аббос Алиев яке аз Қаӽрамонони Ҷумҳурии Халқии Бухоро гардиааст ва соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ]] дар рисолаи Аббос Алиев (Муҳаммадҷон чунинШакурӣ. навиштааандАббос Алиев. - Душанбе, 2012) оид ба зиндагиномаи ӯ, навиштааст: {{аввали иқтибос}}''«Аз ин ёдмондаи [[Ҷалол Икромӣ]] маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад.
Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд.
Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбекӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбекӣ карда буданд.»''{{охири иқтибос}}<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref> навиштааст дар рисолааш [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]]