Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

илова
(илова)
(илова)
: Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
: Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.
== Леонард Луизoн дар бораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ==
Эзоҳот:'''''Леонард Луизон''' (соли тав. 1953) исломшиноси амрикоӣ, мавлонопажӯҳ ва пажӯҳишгари адабиёти форсӣ буда, узви бунёди мероси Эрон дар бахши адабиёти классики форсӣ ва сӯфия дар депортамони мутолеоти исломӣ ва арабии Донишгоҳи Эксетеи Ингилистон ва сардабири маҷаллаи «Мавлоно Ревив» аст.''
=== Аз Хуҷанд то Табрез ===
Хуҷанд зодгоҳи Камол – шоири эронӣ, ки шаҳрест дар канораи рӯди Сайҳун дар сарзамини таърихии
Мовароуннаҳр. Ҳамон шаҳр, ки юнониён онро Александрошото меномиданд ва дар иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ Савиятобод ном гирифта буд, имрӯз ҷамъияте наздик ба 140 ҳазор нафар дорад. Дар садаи чаҳордаҳум мусофирон масофати Хуҷанд то Самарқанд – пойтахти имперотурии Темурилангро бо шутур даҳрӯза мепаймуданд.
Ба навиштаи [[Ҷомӣ]] дар «Нафаҳот-ул-унс» Камол соле чанд аз ҷавониро дар шаҳри [[Шуш]], дар [[Ӯзбекистон]]и кунунӣ, дар маҳзари орифе ба номи Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ, ки аз ӯ донистаҳо чандон нест, ба шогирдӣ гузаронид. Аммо манобеи муътабари дигар, чун «Равзот-ул-ҷинон» (таълифи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ машҳур ба Ибни Карбалоӣ) ишорае ба ин шаҳр ё ошноии Камол бо Хоҷа Убайдуллоҳ накардаанд. Аммо Ибни Карбалоӣ, ки ҳеч гоҳ аволими рӯҳиро дар зиндагии орифон нодида намегирад, ба достони дигаре дар ин маврид ишора кардааст: «Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки ҳазрати Махдуми муқаддас, қуддиса сирруҳу, мефармуданд, ки ҳазрати Шайх Камол ... дар авоили ҳол, ки дар Хуҷанд ташриф доштаанд, ба риёзоту муҷоҳидаи тамом ба сар мебурдаанд ва эшонро ҳолоти ғариб рӯй намуда буда. Ва падари эшонро ҳамин як писар буда ва мехостанд, ки вайро кадхудо созанд. Мушорун илайҳиро чандон рағбате бо он набуда, то ин ки ба воситаи иброму илҳоҳи падар розӣ гаштаанд ва духтар ба никоҳи эшон даровардаанд, то дар шаби зифоф ба расми маъҳуд пеши завҷаи худ рафтаанд...». <ref>Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)</ref>
 
Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар «Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст,
аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз [[Шероз]]у [[Самарқанд]] [[Табрез]] яке аз се конуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд.
Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора [[Давлатшоҳи Самарқандӣ]] менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. Дар абёти зер шоир ба васфи манзилу зебоии маҳалле, ки дар он бино шуда, пардохтааст:
:Зоҳидо, ту биҳишт ҷӯ, ки Камол
:Валиёнкӯй хоҳаду Табрез.
:Аз биҳишти Худои аззаву ҷалл,
:То ба Табрез ним фарсанг аст.
Камол дар посух ба муддаиёне, ки бар ӯ ба хотири пазируфтани манзил аз Султон хурда мегирифтанд, чунин суруд:
:Гар гӯшае бисозад Султон Ҳусайн моро,
:Дар қалби шаҳр набвад касро ба мо низое.
:Бо мутрибони хушгӯ шому сабоҳ бошад,
:Дар гӯшаи ҳусайнӣ ошиқро самое.
Дар девони Камол ишораҳо ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва фармонравоён андак ва гоҳ-гоҳ аст, гӯё шоир худро аз тӯфонҳои балое, ки бар гирди ӯ мевазида фориғ мепиндошта:
:Гар аз рӯи замин рӯяд ғаму дард,
:Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст.<ref>Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)</ref>
Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Аз ҳамин рӯ, дар шарҳи зиндагии вай муносиб аст, ки дар бораи куштору ғорате, ки дар паси ин ҳамла дар
Табрез рӯй дод, сухане кӯтоҳ навишта шавад. Хушбахтона, веростори «Равзат-ул-ҷинон» рисолаеро бо номи «Зикри Доруссалтанаи Табрез ва ашъор ба тағойири он аз ҳолати аморату равнақ ба харобӣ», ки ба
 
 
== Ашъори шоир ==