Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

(илова)
 
Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар *«Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст,
аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз [[Шероз]]у [[Самарқанд]] [[Табрез]] яке аз се конуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд.
Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора [[Давлатшоҳи Самарқандӣ]] менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. Дар абёти зер шоир ба васфи манзилу зебоии маҳалле, ки дар он бино шуда, пардохтааст:
:Гар аз рӯи замин рӯяд ғаму дард,
:Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст.<ref>Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)</ref>
Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Аз ҳамин рӯ, дар шарҳи зиндагии вай муносиб аст, ки дар бораи куштору ғорате, ки дар паси ин ҳамла дар
Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва чи басо дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз мудофиони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки ҳокӣ аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш
Табрез рӯй дод, сухане кӯтоҳ навишта шавад. Хушбахтона, веростори «Равзат-ул-ҷинон» рисолаеро бо номи «Зикри Доруссалтанаи Табрез ва ашъор ба тағойири он аз ҳолати аморату равнақ ба харобӣ», ки ба
аст. Ин абёт, ҳамчунин, ба бозсозиву мараммати «Рубъи Рашидия»-и Табрез, ки чанде пеш аз ҳамлаи сипоҳиёни Туқтамиш оғоз шуда буд, низ ишорае дорад.
:Гуфт: Фарҳоди мо ба Мирвалӣ
:Ки «Рашидия»ро кунем обод.
:Зар ба табрезиён ба оҷуру санг
:Бидиҳем аз барои ин бунёд.
:Буд мискин ба шуғли кӯҳканӣ,
:Ки зи мӯрони кӯҳу дашт зиёд
:Лашкари подшоҳ Туқтамиш,
:Омаду ҳотиф ин нидо дардод:
:Лаъли Ширин насиби Хусрав шуд,
:Санг беҳуда меканад Фарҳод.<ref>Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)</ref>
 
 
 
*''Эзоҳот:Сарой – номи шаҳрест дар [[дашти Қипчоқ]] (ниг. ба китоби Абдуҷаббори суруш
– «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»). Ин ҷо муаллиф ба иштибоҳ роҳ додааст
''
 
== Ашъори шоир ==