Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 91:
Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.
 
(''Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ, Порча'') Равшан аст, ки Камоли Хуҷандӣ, ҳаммонанди бисёре аз шоирони он рӯзгор ба Табрез – шаҳри оғушта ба «таб» дилбастагии фаровон дошт. На танҳо шоирон, ки сӯфиёни он даврон, аз ҷумла ҳуруфия Табрезро шаҳри маълуфи худ мешумурданд. Фазлуллоҳи Астарободӣ (740-796 ҳ. / 1339-1393 м.) – пешвои ҳуруфия, Табрезро ба унвони шаҳри мазҳабиву ирфонӣ аз Макка бартар медонист. Аммо макон дар шеъри Камол, ҳаммонанди шеъри ағлаби шоирони мутасаввиф ҳайтае даруниву равонӣ аст, ки дар он шаҳрҳо конуни худогоҳиву қаламрави ҷонанд ва на падидаи моддӣ, ончунон ки дар шеъри шоирони «воқеъгаро» метавон ёфт.
Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил,
Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад.
Камоли Хуҷандӣ дар бисёре аз сурудаҳои худ мадеҳасароро ба хотири мақомхоҳӣ ва имтиёзталабии онон ба
боди интиқоду эътирози худ мегирифт:
:Нест дар маҷлиси мо пешгаҳу саффи ниол,
:Шоҳу дарвеш надонанд кадом аст ин ҷо.
* * *
:Дасти султонон намебӯсад Камол,
:Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
* * *
:З-ин остони набурд паноҳе ба кас, Камол,
:Дарвеши кӯи ту ба дари подшо нарафт.
 
Бо ин ҳама, бархе дигар аз ашъори ӯ, дастикам ва дар зоҳири амр, нишоне аз мухолифати ӯ бо баҳрамандияш аз силаи подшоҳон нест, гарчи ӯро ҳаргиз наметавон ба сони Ҳумоми Табрезӣ ё Салмони Соваҷӣ шоире дарборӣ донист. Вай ба некӣ огоҳ буд, ки саховати ҳокимон ҳаргиз бетамаъ ва таваққуъ нест ва дар базлу бахшиши онон азобе нуҳуфтааст:
 
:Дарду ғамат нашояд бар мо ҳаром кардан,
:К-инъоми подшоҳон дарвешро ҳалол аст.
:Ҳадди ҷавоби султон набвад Камол моро,
:Дар ҳазрати салотин расми гадо суол аст.
 
Ин ду байт посухе ба ин даъво аст, ки шоири сӯфимашраб бояд ҳамвора бар неъматҳои дунявиву моддӣ дасти рад гузорад ва бидонад, ки пазируфтани инъоми ҳокимон мояи сустии таваккули ӯ ба Худост.
Ва саранҷом шоир бо ишораи дупаҳлӯ ба тахаллуси худ «Камол» нидое фурӯтанона сар медиҳад ва муддаӣ мешавад, ки кори фақиру дарвеш дар баробари султон ҷуз гадоӣ нест.
Сурудаҳои Камоли Хуҷандӣ дар ситоиши фармонравоёни замон бисёр андак аст ва танҳо як байт дар ҳамаи девони ӯ ба сипос аз Темури ланг суруда шуда:
 
:Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,
:Бигӯ ин давлат аз юмни шаҳи Соҳибқирон дидам.
 
Аммо эътирофи шоир дар ин байт, ки расидани ӯ ба дӯстон мадюни лутфи султон аст ва аз ҳамин рӯ сипосгузори ӯст, ба ҳеч рӯй нишони рафтору маниши Камол ва ё кайфияти ашъори ӯ нест. Дар воқеъ, абёти зер, ки аз бахшҳои гуногуни Девони Камол (нусхаи Шедфар) барчида шуда, гӯёи безории жарфи шоир аз ҳимояту карами ҳокими рӯз аст.
 
:Камол, аз подшаҳ дорад фароғат,
:Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.
:Ба чашми ҳақорат мабин дар Камол,
:Ки озодашоҳест бе тахту тоҷ.
:Гӯ муҳтасиб зи шиҳна матарсон маро, ки ман
:Аз подшоҳ фориғам, ӯ худ чи кас бувад.
:Чӣ суд аз нолаву зорӣ бар ин дар додхоҳонро,
:Ки султон ҳоли мискинони бозорӣ намедонад.
:Натъи Камол хуштар аз фарши подшоҳон,
:К-аз бӯрёи риндон бӯи риё наёяд.
 
Дар бештари мутуни муътабари таърихӣ равобити Камоли Хуҷандӣ бо амир Мироншоҳ – фармонравои темурии Озарбойҷон (дар солҳои 799-802 ҳ ./1396-99 м.) ба унвони унсуре асосӣ дар зиндагии
шоир қаламдод шудааст. Дар воқеъ, равобити байни ин амир ва шоир абъоде афсонаӣ ёфтааст. Самарқандӣ дар бораи шахсияти Мироншоҳ менависад: «Чанд сол ба истиқлол дар Озарбойҷон салтанату ҳукумат
намуд, подшоҳзодаи хушманзару аҳли табъу мулоим буда ва шуаро дар ҳусну ҷоҳи ӯ ашъор гуфтаанд» .
Чунин ба назар мерасад, ки Камоли Хуҷандӣ низ алоқаву иродате мутақобил ба Мироншоҳ доштааст. Ба гуфтаи Муиззӣ – яке аз шоирони он рӯзгори Табрез, бисёре аз шоирони сӯфимашраби он диёр дар ситоиши шахсияту маниши ин амири темурӣ бо якдигар дар рақобат буданд:
 
:Шайхи муршид, камоли миллату дин,
:Дӯш мегуфт рамзе аз сари ҳол,
:Ки шаҳаншоҳи мир Мироншоҳ,
:Подшоҳест бас фариштахисол.
:Дар ҷавобаш Ҷамолидин сӯфӣ,
:Гуфт: «Ӯ хусравест фаррухфол.»
:Баъд аз он дар миён Маозӣ гуфт:
:«Подшоҳест бо ҷамолу камол».
 
Даргузашти шоир ва афсонаҳои пас аз марг. Гарчи Ибни Карбалоӣ аз даргузашти Камол ба сукут гузаштааст, Машриқии Табрезӣ аз муридони побарҷои шоир ва аз ёрони наздики ӯ, моддаи таърихи даргузашти вайро (803 ҳ./ 1400 м.) чунин сурудааст:
:Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
:Ки ҷаҳонро ба шеъри бигрифт.
:То суханро сухан бурун афтод,
:Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
:Шашсаду се гузашт, к-он хуршед
:Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт .
Овозаи Камол пас аз марг танҳо ношӣ аз ашъори ӯ набуд. Камолиддин Ҳусайни Гозургоҳӣ дар «Маҷолис-ул-ушшоқ» (ҳудуди 909ҳ.- 1503м.) дар бораи ӯ менависад «Баъзе мегӯянд аз авлиёст ва
баъзе мегӯянд аз шуарост. Зоҳиран барзах аст миёни ин ду тоифа ва ҷониби вилояташ ғолиб».
Гозургоҳӣ ва Самарқандӣ ҳар ду муътақиданд, ки шахсияти шоир дар сатҳи руҳониву маънавӣ низ мутаҷаллӣ будааст.
Дар адабиёти форсӣ - тоҷикӣ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалҳои шоир хам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсӣ - тоҷикӣ шинохта шудаанд.
 
Line 119 ⟶ 190:
:Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
:Чи бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст.
 
== Ривоят аз рӯзгорӣ шоир ==
Достони зер аз Ибни Карбалоӣ дар бораи муршидаш Амир Сафиуддиншоҳи Муҷтабо (даргузашта ба 983 ҳ. /1575 м.) намунае аз афсонаҳоест, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ пардохта шуда:
{{аввали иқтибос}}''« Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки дар санаи иҳдо ва арбаъина ва тисъумиа (941ҳ./1534м.), ки румия ба Табрез омада буданд, мардумро андешаи тамом буд, ки лашкари бегонаанд, мабодо, ки қатли ом кунанд ё наҳбу ғорату сабӣ намоянд. Ва дар он вало
марази тоун низ дар миёни мардум буд. Аз он низ андешаи тамом буд, ки охир чи шавад? То рӯзе байназзуҳрайн азизе, аҳли диле, Мавлоно Абдуллоҳ ном, ташриф оварданд ба манзили мо ва фармуданд, ки
имрӯз чун намози зуҳр гузоридам, бар сари саҷҷода маро ғайбате шуд.
Дидам, ки манзили васеъе аст, бар болои он манзил ҷое, ки садрхона аст, пири басафое нишаста. Мегӯянд, ки ин Шайх Камоли Хуҷандӣ аст. Дар ин асно, шахси дигар ба ин маҷлис дармеояд, Ҳазрати Шайх
ба таъзими вай нимхез мешаванд. Касе мегӯяд, ки ин султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ аст. Баъд аз он ҳазрати Шайх Камол мефармоянд, ки мо понсад касем, ки муҳофизати ин шаҳр мекунем, ки балое нозил
нашавад ба ин ҷо ва ба султонулорифин мегӯянд, ки шумо низ аз он ҷумлаед. Чун ин фармуданд, маро ифоқат рӯй намуд. Филфавр ба мулозимати шумо омадам, ки ин воқеаро маъруз дорам; иншоаллоҳу таоло ташвише нахоҳад буд. Ончунон шуд, ки он азиз гуфта буд, ҳеч гуна балия рӯй нанамуд»''{{охири иқтибос}}.
 
== Ёдбуди Шоир ==