Драматургияи тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Драматургияи тоҷик
 
Сатри 2:
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик воқеъияти майдони ҷангу ақибгоҳро фаро гирифта ([[Ҷалол Икромӣ]] ва А. Файко «Хонаи Нодир», [[Сотим Улуғзода]] «Дар оташ»), дар айни замон, корбасти мавзӯъҳои таърихиро идома дод.
== Драматургияи солҳои 50 - 80-ум ==
Солҳои баъди ҷанг сермаҳсултарин давраи инкишофи драматургияи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ин давра гуногунии жанриву услубии ин навъи адабӣ ба маротиб афзуд. Ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқиву маънавиро дар драматургияи тоҷик пйесаҳои [[Файзулло Ансорӣ]] «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», [[Мирсаид Миршакар]] «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувумаш – «Шаҳри ман»), Ғанӣ Абдулло «Суруди кӯҳсор», Ҷалол Икромӣ «Хор дар гулистон», [[Аъзам Сидқӣ]] «Иродаи зан», [[Гулрухсор Сафиева]] «Ғори аҷинаҳо», [[Мавҷуда]] «Зистан мехоҳам» ва ғ. барҷастатар ифода карданд. Ҷанбаҳои ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар пйесаҳои [[Меҳмон Бахтӣ]] «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», [[Султон Сафар]] «Уқоб», [[Нур ТабарТабаров]] «Дар чорсӯ» омехта бо ҳиссиёти изтиробомез ба тасвир омада, бисёре аз нақсҳои ҷамъиятӣ ва низоми фармонфармойиро фош намуданд. Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошад, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пурғунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, рӯҳи бунёдкори халқро таҷассум намудааст. Асари А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ҳам ба ҳамин силсила мансуб буда, анъанаи мазкур имрӯз дар навтарин пйесаҳои [[Меҳмон Бахтӣ]] «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», С. Айюбӣ «Меъроҷи Шоҳин» ва «Сомонхудот», Бароти Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», асарҳои алоҳидаи Нур Табару Ато Ҳамдам ва диг. падидору устувор гардид. Корбасти муваффақонаи драматургии сужетҳои адабиёти классикӣ дар солҳои 60-70-ум аз ҷониби Ғанӣ Абдулло дар пйесаҳои «Рустаму Суҳроб» ва «Фарёди ишқ» идомаву тарвиҷ ёфт.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 8 - 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Инчунин нигаред ==
Дромнависони Тоҷикистон: