Open main menu

Changes

Мучал

664 bytes added, 1 year ago
no edit summary
'''СолшуморииМучал, дувоздаҳгонаи мучалмӯрҷал''' — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони [[тоҷик]] бо номи «сол», «[[мӯлҷар]]» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Рӯзгори дувоздаҳсола банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, ки ба гуфти мардумонамон 6 ҳалолу 6 ҳаром аст.
 
== Таърих ==
Тоҷикон дар тули таърих аз тақвимҳои гуногун истифода кардаанд. Пас аз истилои муғулҳо низ онҳо тақвими худро ҷорӣ мекунанд, ки он даври дувоздаҳсола дошта, солҳо номи ҳайвонотро доранд. Тоҷикон ин гуна тақвимро ҳисоби «мучал», «мурча» ё «мулҷар» меноманд<ref>Холов М.Ш. Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. — Душанбе, «Ирфон», 2006. — с. 6</ref>.
 
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои таърих, муайян намудани замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгонамон солбарории дувоздаҳгона даркор аст. Агар фаромӯш накарда бошед, дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и шодравон [[Ҳабибулло Назаров]] муаллиф маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии [[водии Ҳисор]]ро бознигорӣ кардааст.
 
Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.