Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Адабиёт: таҳрир
х Иловаи шаблон using AWB
Сатри 1:
{{Адиб
'''Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ''' (с. тав. номаълум Самарқанд, с. ваф. 1603, Ҳисор), [[табиб]], [[шоир]], [[навозанда]], сарояндаи тоҷик, зодаи [[Самарқанд]].
|Ном =
|Номи аслӣ =
|Акс =
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз =
|Зодгоҳ = {{Зодгоҳ|}}
|Санаи марг =
|Маҳалли вафот =
|Табаият =
|Намуди фаъолият =
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр =
|Забони осор =
|Оғоз =
|Мукофотҳо =
|Ҷоизаҳо =
|Lib =
|Сайт =
|Викииқтибос =
|Соядаст =
}}
 
'''Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ''' (с. тав. номаълум Самарқанд, с. ваф. 1603, Ҳисор), [[табиб]], [[шоир]], [[навозанда]], сарояндаи тоҷик, зодаи [[Самарқанд]].
 
Дар хонаводаи шоир, табиб ва мусиқидон ба дунё омада, донишҳои замонаашро ибтидо аз падараш омӯхта, барои фарогирии мусиқӣ ба шаҳрҳои Марв, Бухоро, Ҳирот рафт. Дар тиббу табобат, шеъру шоирӣ, хат ва хаттотӣ ҳам дониши хуб доштааст, муддати зиёд назди Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф.1535) [[мусиқӣ]] ва [[шеър]] омӯхт. Баъди бозгашт аз Бухоро Боқии Ҷарроҳи дар дарбори султон Саидхон ба сифати [[мутриб]] ва [[табиб]] (дармон мусиқӣ) хидматгузорӣ кардааст. Бинобар ба ахбори [[Дарвешалии Чангӣ]], Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Рисолаи мусиқӣ», «Музаккиру-л-азҳоб») Боқии Ҷарроҳи аз мусиқидону табибе, ки дар замонааш дармонмусиқӣ тибқи усули илмии Абӯалии [[Сино]] амалӣ намуда, дар ин замина асарҳои созию овозӣ барои маризони рӯҳӣ тасниф кардааст. Таснифоти мусиқии ӯ «Нақши Сегоҳ» (бар усули «Шодиёна», ғаз. Ризоии Самарқандӣ), «Пешрави Наво», «Пешрави Рост» (бар усули «Мухаммас», ба мақоми «Рост»), «Амали Сегоҳ» (бар усули «Фохтазарб»,»Барафшон», ғаз. Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ) дар ҳаёти мусиқии Бухоро, Марв, Ҳироту Самарқанд шӯҳрати зиёд касб кардаанд. Боқии Ҷарроҳи дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «амал», «савт», «нақш», «рехта», «куллиёт» таснифоти рангин сохта, назираи ҷолиби шеърию мусиқие ба «Куллиёт»-и устодаш Кавкабии Бу-хороӣ сохта ва ин асар дар доираҳои ҳунарии он рӯзгор шӯҳрати зиёд касб менамояд. Боқии Ҷарроҳи охири умр ба хидмати ҳокими Ҳисор Темурхон омада, муддати зиёд ба сифати мутрибу табиб адои вазифа намуда, он ҷо аз олам даргузаштааст.
Line 5 ⟶ 32:
== Адабиёт ==
[[Дарвешалии Чангӣ]], Рисолаи мусиқӣ; Восифӣ, Бадоеъа-л-вақоеъ, Москва, 1961; [[Дарвешалии Чангӣ]], Тӯҳфату-с-сурур, Р:449-1. ИШАФ Уз; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик,
ҷ.1, Душ., 1988. <ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 45 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
 
==Нигаред==
*[[Шашмақом]]
== Манбаъ ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони форсу тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]