Мучал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Тоҷикон дар тули таърих аз тақвимҳои гуногун истифода кардаанд. Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ ва даъвои баъзе олимон гӯё ин тақвим дар замони истилои муғулҳо (асрҳои XIII-XIV) ба кишварҳои Шарқ оварда шудааст<ref name="тақвим">Холов М.Ш. Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. — Душанбе, «Ирфон», 2006. — с. 15</ref>. Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Барои ба хотир доштани тартиби номи солҳо ин қитъаи Абӯнасри Фароҳӣ<ref>Мирбобо Мирраҳим. Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ. — Душанбе, «Ирфон», 1992, — 240 с.</ref> машҳур аст:
:Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
:З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор,
:В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
:Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Бояд қайд кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар водии дарёи Хингоб ([[ноҳияи Тавилдара]]) деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд<ref name="тақвим"/>:
 
деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд:
 
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и [[Ҳабибулло Назаров]] маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии [[водии Ҳисор]]ро бознигорӣ карда шудааст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мучал"