Муҳаммад Закариёи Розӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 6:
 
== Зиндагинома ==
Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри [[Рай]] [[28 август]]и [[соли 865]] мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. [[Абӯрайҳони Берунӣ]] (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва
Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё [[Мансур ибни Нӯҳ]] ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ [[заргарӣ]] мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз [[сарроф]] будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми [[кимиё]] равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба [[тиб]] рӯй овардааст.
баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.
Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар
кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло
баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми [[тиб]], ҳикмат, [[риёзиёт]], фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони [[Бағдод]] хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар [[Мовароуннаҳр]] гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ ([[25 октябр]]и [[соли 925]] мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.
Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё [[Мансур ибни Нӯҳ]] ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ [[заргарӣ]] мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз [[сарроф]] будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми [[кимиё]] равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба [[тиб]] рӯй овардааст. <ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
 
 
Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.
Ба иттифоқи тазкиранависон Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786 – 809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард. Ба занни қавӣ, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892 – 902) дар а. 9 бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.
Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ – Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба ӯҳда гирифт. ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки Закариёи Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхонӣ ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. ӯ дар ҷустуҷӯи роҳҳои муолиҷаи [[чашм]] маҷбур шуд, ки ба омӯзиши илми тиб пардозад.
Баъди анҷоми таҳсили тиб дар [[Бағдод]] таҳти роҳбарии Табарӣ Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд; ӯ дар Осиёи Марказию Хуросон, дар пойтахти давлати сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд; аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.
 
Закариёи Розӣ баъди саёҳатҳои дуру дароз с. 905 ба зодгоҳаш шаҳри [[Рай]] баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ кард. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон ӯ дар охири умраш тамоман нобино шуд. Вақте ба вай тавсия карданд, ки чашмонашро ҷарроҳӣ намоянд, ӯ аз ин пешниҳод даст кашид.
 
 
== Эҷодиёт ==
Закариёи Розӣ [[илм]]и [[тиб]]ро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро Ҷолинуси [[Арабҳо|араб]] номидаанд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати [[Бағдод]] таъин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва [[табиб]]и ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси [[илм]]ии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Гундишопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд. Аз Закариёи Розӣ китобҳову мақолаҳои бисёр ба ёдгор мондааст. Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 [[асар]] таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тибб-ил-мансурӣ» (ё «Алқунон-ул-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри Закариёи Розӣ-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои [[Шарқ]]и мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар а. 12 ба [[забони лотинӣ]] тарҷима шуда, дар арзи чандин [[аср]] барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттибб-ул-мулукӣ» ва «Тибб-ул-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тибб-ул-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. ӯ дар «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин [[китоб]] ба забонҳои [[лотинӣ]], [[Забони юнонӣ|юнонӣ]], [[Инглисӣ|англисӣ]] ва [[Олмонӣ|немисӣ]] тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.
Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китоб-ул-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Закариёи Розӣ бо вуҷуди [[дониш]]и олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин илоҷ карда шаванд. ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст». Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявии ҳамон замон нест, ки Закариёи Розӣ ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. Закариёи Розӣ аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонд.
 
Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
== Манбаъ ==
Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 [[асар]] таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тибб-ил-мансурӣ» (ё «Алқунон-ул-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри Закариёи Розӣ-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои [[Шарқ]]и мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар а. 12 ба [[забони лотинӣ]] тарҷима шуда, дар арзи чандин [[аср]] барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттибб-ул-мулукӣ» ва «Тибб-ул-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тибб-ул-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. ӯ дар «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин [[китоб]] ба забонҳои [[лотинӣ]], [[Забони юнонӣ|юнонӣ]], [[Инглисӣ|англисӣ]] ва [[Олмонӣ|немисӣ]] тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.
Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китоб-ул-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Закариёи Розӣ бо вуҷуди [[дониш]]и олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин илоҷ карда шаванд. ӯ мегуфт:{{аввали иқтибос}}''«Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст»''{{охири иқтибос}}. Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявии ҳамон замон нест, ки Закариёи Розӣ ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. Закариёи Розӣ аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонд.
 
== Адабиёт ==
* Об оспе и кори. Дар кит. О. В. Губерт, Оспа и оспапрививание, т. 1. - СПБ, 1898;
* Книга тайны тайн. - Ташкент, 1957;
* Донишномаи Сомониён, ҷ. 1. - Хуҷанд, 2008.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Табибон]]
[[Гурӯҳ:Табибон аз рӯи алифбо]]