Фазлиддин Шаҳобов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х Имло, replaced: охан → оҳан using AWB
Сатри 11:
'''Фазлиддин Шаҳобов''' ([[21 март]]и соли 1911 – [[1 феврал]]и соли [[1974]]) - мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи [[шашмақом]] ва оҳангсози тоҷик. [[Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон]] ([[1952]]), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1944), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]] (1972) ва Ҷоизаи ба номи Борбад (1990), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР (1942), раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1955-1956).
==Зиндагинома==
Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри [[Бухоро]] дар оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро донандаи маъруфи ашъори Бедил Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст. Падараш таҳсилоти академии писарашро наззора менамуд, меҳри кӯдакро нисбат ба мусиқӣ Изомӣ – танбӯрнавози маъруф, парваридааст. Нахустин дарсҳои танбӯрнавозиро аз тағоияш, сипас дар техникуми мусиқии Бухоро (1925-1929) аз иҷрокунандагон ва донишмандони машҳури мусиқии классикии тоҷик [[Мирзоғиёси Танбӯрӣ]] ва [[Бобоҷалоли Носирӣ]] омӯхтааст.
Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба [[Самарқанд]] омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад. Аз соли 1930 то соли 1932 Ф.Шаҳобов ба ҳайси навозанда дар Оркестри давлатии Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Тошканд, аз соли 1932 то соли 1936 ба сифати дирижёр ва мудири қисми мусиқии Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро фаъолият менамояд. Дар баробари ин ӯ дар Техникуми мусиқии Бухоро дарс медиҳад. Аввалин таҷрибаҳои ӯ дар композитсия ба ҳамин давра рост меоянд, ки дар байни онҳо бузургтарин марши «Шараф» барои ансамбли созҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Соли 1936 Ф.Шаҳобов ба синфи омӯзгор В.Л. Мухин шӯъбаи дирижёри хори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский дохил мешавад. Дар ин ҷо ӯ бо мусиқии рус ва Европаи Ғарбӣ ошноӣ пайдо карда, қаламу маҳорати худро дар жанрҳои барои фарҳанги мусиқии тоҷик нав санҷида дар онҳо суннатҳои санъати мусиқии классикиро татбиқ менамояд. Масалан, романсҳои «Хонаи дил» ва «Ваъдаи дил», ки ӯ дар он айём эҷод намуда буд, шӯҳрати бузург пайдо карданд.
Сатри 43:
* «Сегоҳ», дар ҳаммуаллифӣ бо Ю. Тер-Осипов ва Ш. Соҳибов, достони симфонӣ.
'''Такмилҳо:'''
* «Муждаи баҳор», шеър ва охангиоҳанги халқ.
* «Секинак», шеър ва оҳанги халқ.
* «Оҳиста мегӯем мо», оҳанги халқ, шеъри Мушфиқӣ.