Абулқосим Лоҳутӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат (2) using AWB
Сатри 28:
Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ [[4 декабр]]и [[соли 1887]] дар шаҳри [[Кирмоншоҳ]]и [[Эрон]] зода шудааст. Ӯ дар ғарби [[Эрон]] дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони [[назм]]и [[форс]]у [[тоҷик]], аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи [[Барзадимоғ]] ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид.
Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст.
Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳратшӯҳрат ёфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст. Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки ӯ маскан меёфтааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии
«Одамийят», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст.
Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби
Сатри 40:
Моҳи декабри [[соли 1917]], вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву империалистони инглис кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиёти беназир офаридааст, ки дар
маҷмӯаҳои «Лаъолӣ», «Эроннома», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд.
Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш «Ҷамъияти ҷавонони Эрон» ва маҷаллаи «Порс»-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.
 
Охири [[соли 1921]] ба [[Озарбойҷон]] омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши [[Табрез]]ро, ки бо номи '''«Шӯриши Лоҳутихон»''' машҳур аст, сардорӣ кардааст.
Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] гузашта, ба давраи нави ҳаёти худ оғоз бахшидааст.
Муддате дар [[Тифлис]]у [[Боку]]ву [[Нахҷувон]] кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба [[Маскав]] омадааст ва дар «Нашриёти халқҳои СССР» ба кор пардохтааст. Аз соли [[1924]] узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ - ВКП(б) буд.
 
== Дар Тоҷикистон ==
Сатри 55:
Таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва истеъдоди адабию андешамандӣ имконияташ додаанд, ки баъзе маҳдудиятҳои ғоявӣ ва эҷодии худро муттасил бартараф карда, эҷодиёташро мутобиқи шароити наву воқеиятҳои ҷамоати сотсиалистӣ пеш барад ва яке аз пешқадамтарин шоирони шӯравӣ гардад.
 
Шеърҳои «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Инқилоби Сурх» (1923) ва қасидаи «Кремл» (1923) ҳанӯз то ба [[Тоҷикистон]] омадани Лоҳутӣ дар байни хонандагони тоҷик иштиҳор ёфта, мухлисони бисёре пайдо кардаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои дар [[Душанбе]] чопшудаи устод Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» (1926) будааст. Пас аз он дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон шеъру сурудҳои бисёре навиштааст, ки аҳаммийяти калони таблиғотӣ дошта, ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз лиҳози мазмун тоза ва намунаи ибрати ҳамагон будаанд. Беҳуда нест, ки солҳои сиюми садаи бист ӯ дар байни мардуми тоҷик шуҳратишӯҳрати беназире пайдо карда, бо унвони ифтихории «Падар» вирди забонҳо гардидааст. Устод [[Айнӣ]] дар шахси ӯ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамсафару ҳамақида пайдо карда, ҳар ду паҳлӯ ба паҳлӯ истода адабиёти навини моро барпо карданд ва ӯ барҳақ асосгузори шеъри инқилобии тоҷикӣ шинохта шудааст. Маҳз ӯ буд, ки Устод Айниро аз чанголи марг тавасути муроҷиат ба [[Сталин]] раҳо карда тавонист. Бо ин ҳама, устод Лоҳутӣ яке аз қаҳрамонони миллии мо ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои сиюм устод Лоҳутӣ муҳимтарин асарҳояшро, аз қабили достонҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Зӯри СССР» (1932), «Сафари Фарангистон» (1935), «Ду нишон» (1936) ва ғ., ба майдон овардааст.
Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд, монанди «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст.
Тараннуми муваффақиятҳои пайдарҳами мамлакати сотсиалистӣ («Фатҳи Донбасс», «Хабар»), ситоиши дӯстии халқҳо ва интернатсионализми пролетарӣ («Ҷашни понздаҳсолагӣ», «Ба Ӯзбекистон», «Ҷавоб ба васиятномаи Шевченко», «Ҳадя ба халқи муборизи Испониё») аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯ дар ин давра ба шумор мераванд. Таронаҳои «Пули Вахш», «Таронаи партизанӣ» (1935) ва амсоли ин вирди забони ҷавонон гардида, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба номи «шарқӣ» суруда мешуданд. Ба муносибати якумин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) либреттои операи «Коваи оҳангар»-ро навиштааст, ки хеле машҳур гашта буд. Дар солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] тавассути ашъори ноби зиддиҷангияш худ халқи шӯравиро ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ даъват намуда («Ай халқи золимкуш, қиём!», «Дарандагонро бизанем!», «Мӯру Офтоб», «Хонаи Тарас озод хоҳад шуд!»), ба пирӯзии мардуми шӯравӣ бовари қатъӣ доштааст.
Он солҳо байти «Ҷангҳои болшевикӣ мо дар ин майдон кунем, Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем!» вирди забонҳо будааст. Ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳои шӯравӣ ғояи асосии эҷодиёти ӯ гардида, достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня», манзумаҳои тамсилии «Паҳлавон Оштӣ» ва «Ҳамсафарон» аз беҳтарин асарҳои даврони ҷанги адабиёти тоҷику шӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Он солҳо бо овози баланд мегуфт:{{иқтибос|муаллиф=[[Абулқосим Лоҳутӣ]]|
«Ай меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам,
Дастонсаро ба васфи ту бо сад забон манам….».}}
Сатри 85:
* Устод Лоҳутӣ, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрон, мебошад. [[Соли 1987]], мутобиқи Қарори вижаи [[ЮНЕСКО]], тамоми мардуми мутамаддини олам 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи ҷабҳаи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саъодати башарро ба таври мутантан таҷлил намуданд.
*
* Лоҳутӣ барои омода ва сафарбар намудани адибони [[ҶШС Тоҷикистон]] ба анҷумани якуми нависандагони [[ИҶШС]] хизмати шоистае намудааст.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 13 - 16 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
==Нигаред==
Сатри 91:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
Line 97 ⟶ 98:
[[Гурӯҳ:Дар 16 март вафот кардаанд|*]]
[[Гурӯҳ:Википедиа:Мақолаи имрӯза|*]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
 
 
{{Poet-stub}}