Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат (2) using AWB
Сатри 1:
{{Шахсият
|ном = Аттор
Line 8 ⟶ 7:
'''Аттóр''' ([[Забони арабӣ|ар.]] '''عطار'''), '''Абуҳомид Фаридуддин Муҳаммад ибни Абубакр ибни Иброҳими Нишопурӣ''' (1145, деҳаи Кадкани музофоти Нишопур – 1221, [[Нишопур]]) — суханвари бузурги адабиёти форс-тоҷик, шоири мутасаввиф.
== Зиндагинома ==
Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаш­тагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хушхаттусаводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт. Талабот ба табибӣ ва доруфурӯшӣ ва шуҳратишӯҳрати касб волидайни Атторро ба шаҳри Нишопур меоварад. Падараш дар шаҳр маркази ташхиси беморон ва чандин дукони доруфурӯшӣ мекушояд. Зоҳиран Аттор дар маркази ташхис фаъолият доштааст, ки дар «Хусравнома» мегӯяд:
: Ба дорухона понсад шахс буданд,
: Ки дар ҳар рӯз набзам менамуданд.
Аттор аз авони кӯдакӣ то ба камол расидану идомаи минбаъди зиндагӣ ба молу амвол ниёзмандие надошт ва ҳамин бениёзӣ ба ӯ олами таълиму тадрисро ҳар чӣ фарохтар карда, машғулияти ӯро илова бар доруфурӯшию табобати ҳамнавъон ба фарҳанг афзуда буд. Дар маъхазҳои мавҷуда сабт аст, ки Аттор ҳафтод соли умри худро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи зиндагиномаи суфиёну машоих сарф намуда, беш аз чаҳорсад китобро дар мав­зӯи ирфон мутолиа карда буд. Натиҷаи ин заҳматҳои ҳамешагӣ «Тазкират-ул-авлиё»-и ӯст. Зиндагиномаи Аттор мудҳиштарин хунрезии маргбори аҳди муғул аст. Вобаста ба талаботи давру замон ва бениёзии маишию маънавӣ Аттор хидмату мулозимати шоҳу ҳокимонро напазируфта, дар ҳалқаи аҳли тасаввуфи вақт камол ёфта, ба ақоиди эшон дилгармӣ дошт ва дар сояи модари рӯҳонӣ ва шояд падараш ҳам, дӯстдори ҳақиқат ва ёри Ҳақ гардид. Аттор ба мактаби аҳли тасаввуф ворид шуда, ҳаргиз андешаи онро накардааст, ки дорухонаро ба тороҷ диҳад ва сар ба биёбон ниҳад. Баръакс, дар хилвати ҳамон дорухона соатҳои фароғатро ба хондану навиштан мегузаронд, асарҳояшро таълиф менамуд, барои тану рӯҳи ҳам­навъонро саломат нигоҳ доштан заҳмат мекашид. Вай аз машоихе буд, ки тағйири ҳол карда бошад ҳам, аз маш­ғулияти дунявӣ ва касби маош боз наистодааст. Аттор ҳаҷ карда буд ва муво­фи­қи маълумоти Ҷомӣ аз муридони Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ, маъруф ба Хоразмӣ ва аз тарбиятёфтагони мактаби Шайх Наҷмуддини Кубро мебошад. Ҳикоятест, ки дар пирии Аттор, ҳангоме ки Баҳоуддин Муҳаммад, падари Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Мавлавӣ бо аҳли оилааш раҳсипори Ироқ буд, дар Нишопур бо писараш ба хидмати Шайх мерасад. Аттор дар ин дидорбинӣ нусхае аз «Асрорнома»-ро ба Ҷалолуддини хурдсол бахшида будааст. Ин ҳикоят ҳақиқати таърихӣ дорад, зеро «Маснавии маънавӣ» дар шеваи маснавии Аттор эҷод шудааст. Аттор соҳиби оила ва фарзандон буд. Вай дар айёми пирӣ, ба дасти муғулон дар Нишопур ба шаҳодат мерасад. Оромгоҳаш дар канори ш. Нишопур зиёратгоҳи хоссу ом аст. Охири асри 15 бо маблағ ва фармони Амир Алишери Навоӣ дар сари марқадаш хонақоҳ сохта будаанд.
 
== Мероси адабӣ ==
Line 48 ⟶ 47:
: Ай дар ғурури нафс ба сар бурда рӯзгор,
: Бархез, кор кун, ки кунун аст вақти кор.
Дар қасидасароӣ бештар Саноӣ ва Хоқониро пайравӣ кардааст. Аз 873 ғазали интихобии Тафаззулӣ 23 ғазал бе тахаллус, 114 ғазал бо тахаллуси «Фарид» ва 736 ғазал бо тахаллуси «Аттор» эҷод шудаанд. Ғазалҳои Аттор аз 3 то 24 байтанд. Аз ин маҷмӯъ 175 ғазал бе радиф ва боқӣ бо радифанд. Бештари ғазалҳои Аттор дар вазни кӯтоҳи мусаддас ва андаки онҳо дар вазни мусамман навишта шудаанд. Аттор дар офаридани ғазал сабку тарзи баёни худро дорад, ки минбаъд ҳамчун мактаби адабии адабиёти форс-тоҷик шуҳратшӯҳрат ёфтааст. Ғазалиёти А.-ро аз рӯйи мавзӯъву мун­дариҷа метавон ба содаву маъмулии тасвири олами ҳас­тӣ, ирфону тасаввуф ва қаландария тақсим намуд, ки мағз андар мағзашонро андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, масоили баҳсталаби ирфонӣ, шӯру шаафи ишқи осмонӣ, васфи маъшуқи хаёлии нодиданӣ ва ноёфтанӣ, орзуву висоли Ҳақ, дарки вуҷуди мутлақ, ишқи ёру ҳиҷрони дилдор, ваҳ­дату баҳамоӣ ва ғайра фаро гирифтаанд. Мазмуни ғаза­лиёти Аттор гуногун буда, сиришти онҳо пурҷӯшу хурӯш, пурталотум ва пур аз аҳволу дарёфтҳои ирфонист.
: Нимшабе симбарам ниммаст
: Наъразанон омаду бар дар нишаст.
Line 77 ⟶ 76:
* Мухаммадходжаев А. Мировоззрение Фаридуддина Аттора. - Душанбе, 1974.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони форсу тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Нишопур]]