Сайф Раҳимзоди Афардӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removing "Сайф_Раҳимзоди_Афардӣ.jpg", it has been deleted from Commons by Sealle because: Copyright violation, found elsewhere on the web and unlikely to be own work - Using [[:c:COM:VFC|
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат using AWB
Сатри 3:
|Номи аслӣ=Раҳимов Сайф Абдуевич
|Акс=
|Зодрӯз=[[20 ноябр|20 ноябри]]и [[1953]]
|Зодгоҳ= [[Афардӣ|деҳаи Афардии]] [[Ноҳияи Балҷувон]]
|Даргузашт=[[20 май|20 майи]]и [[2000]]
|Пеша= [[нависанда]]
}}
'''Афардӣ, Сайф Раҳимзод''' (Раҳимов Сайф Абдуевич; [[20 ноябр|20 ноябри]]и [[1953]] [[Афардӣ|деҳаи Афардии]] [[Ноҳияи Балҷувон]] – [[20 май|20 майи]]и [[2000]], [[Душанбе]]), нависандаи тоҷик, сенариянависи синамо, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2002).
 
== Зиндагинома ==
Сайф Раҳимзод баъди хатми мактаби миёнаи [[Ноҳияи Фархор]] ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри [[Ноҳияи Ҳамадонӣ|Ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсайид Алии Ҳамадонӣ)]], ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи [[Кӯлоб|шаҳри Кӯлоб]] (1969–1970) буд. [[Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|УДТ]]-ро хатм кардааст (1975). Корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ (1974–1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981–1982), [[мухбир]], баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1983–1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987–1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (1989–1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷик­кино» (1995–1997). Аз августи 1997 то соли [[2000]] Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ.
 
== Асарҳо ==
Асарҳояш аз соли 1980 нашр шудаанд. Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Сайф Раҳимзод аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳратшӯҳрат пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён; 1999), «Падруду пай­ғом» (2000), «Доғ­ҳои Офтоб» (2003) ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дорад. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе тасвир намудааст.
 
== Филмҳо ==
Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва ғайра дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (масалан, кинофестивали Канни [[Фаронса]]) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуд. Бо ташаббуси ӯ дар ТВТ телевизиони «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардиданд; дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъ­сис ёфт. Хидмати Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст.<ref>[http://www.ozodi.mobi/a/2048248.html Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод]</ref>
 
== Мукофотҳо ==
Сатри 23:
 
== Вафот ==
Шаби [[20 май]]и соли [[2000]]-ум дар даромадгоҳи хонааш нависанда ва коргардони машҳури тоҷик Сайф Раҳимзод, ки раиси Кумитаи радио ва телевизион низ буд, террор шуд<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2048248.html Озодӣ - Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод</ref>. <ref>[http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11998 Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ]</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
Сатри 31:
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Нависандаҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]