Муҳаммад Закариёи Розӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат (2) using AWB
Сатри 6:
 
== Зиндагинома ==
Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри [[Рай]] [[28 август]]и [[соли 865]] мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. [[Абӯрайҳони Берунӣ]] (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва
баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.
Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар
кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло
баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми [[тиб]], ҳикмат, [[риёзиёт]], фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони [[Бағдод]] хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар [[Мовароуннаҳр]] гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ ([[25 октябр]]и [[соли 925]] мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.
Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё [[Мансур ибни Нӯҳ]] ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ [[заргарӣ]] мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз [[сарроф]] будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми [[кимиё]] равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба [[тиб]] рӯй овардааст. <ref name="ReferenceA">З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
 
 
Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.
Ба иттифоқи тазкиранависон Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786 – 809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892 – 902) дар а. 9 бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.
Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ – Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба ӯҳда гирифт. ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки Закариёи Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхонӣ ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. ӯ дар ҷустуҷӯи роҳҳои муолиҷаи [[чашм]] маҷбур шуд, ки ба омӯзиши илми тиб пардозад.
Баъди анҷоми таҳсили тиб дар [[Бағдод]] таҳти роҳбарии Табарӣ Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд; ӯ дар Осиёи Марказию Хуросон, дар пойтахти давлати сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд; аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.
 
 
 
== Эҷодиёт ==
Line 25 ⟶ 22:
риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и форсу тоҷик ба шумор
меравад.
Закариёи Розӣ [[илм]]и [[тиб]]ро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро Ҷолинуси [[Арабҳо|араб]] номидаанд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати [[Бағдод]] таъин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва [[табиб]]и ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси [[илм]]ии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Гундишопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.
 
Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори бойи Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асарҳои хурду калонро ташкил медиҳад.
Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад. Ба муҳимтарин
асарҳои энсиклопедии донишманд «Китоб – ул- ҳовӣ» ва «Китоб – ут –тиб ул - Мансурӣ» дохил мешавад. Китоби якум номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ – назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китоб – ул чадори вал хасба» (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст.
Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. уҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9<name="ReferenceA"/ref>
Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 [[асар]] таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китоб-ут-тибб-ил-мансурӣ» (ё «Алқунон-ул-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри Закариёи Розӣ-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои [[Шарқ]]и мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар а. 12 ба [[забони лотинӣ]] тарҷима шуда, дар арзи чандин [[аср]] барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттибб-ул-мулукӣ» ва «Тибб-ул-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тибб-ул-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. ӯ дар «Китоб-ул-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин [[китоб]] ба забонҳои [[лотинӣ]], [[Забони юнонӣ|юнонӣ]], [[Инглисӣ|англисӣ]] ва [[Олмонӣ|немисӣ]] тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.
Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китоб-ул-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Закариёи Розӣ бо вуҷуди [[дониш]]и олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин илоҷ карда шаванд. ӯ мегуфт:{{аввали иқтибос}}''«Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст»''{{охири иқтибос}}.
 
Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи Abubater ё Razes шуҳратшӯҳрат пайдо кард. Аз омӯзиши осори Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ дуруст будани назарияи сунъӣ, яъне истеҳсоли тилло ва нуқраро оид ба тавассути иксир эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат- ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуқтаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб- ул – асрор» ва «Китоб -ул – сирил – асрор» низ пайдо намудем. Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китоб-ул- сирил – асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шуҳратишӯҳрати васеъ пайдо кардааст. Худи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китоб-ул- сирил – асрор» аз асари «Китоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Дар ҳақиқат ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии
Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад.
 
Илова бар китобҳои дар боло зикршуда, Закариёи Розӣ боз ба шахсоне, ки мухталифи ақидаҳояш буданд, асарҳо навиштааст. Ҳамчунон ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ тадвин карда, дар бораи фалсафаи Фисоғурис низ асаре нигоштааст. Асари муҳими табиии ӯ «Ал – ҳовӣ» аст, ки инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул- маорифи тиббӣ» ёд мешавад.
Равиши таҷрибаи Закариёи Розӣ нишон медиҳад, ки ӯ аз рӯйи усули таҷрибаи империзм кор мекард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт, аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт.
Илова бар муҳаққиқони қаблӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб низ пешниҳодҳои муҳим
намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро ба тақтири маводи қандӣ ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис (II) медиҳад.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9<name="ReferenceA"/ref>
Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявии ҳамон замон нест, ки Закариёи Розӣ ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. Закариёи Розӣ аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонд.
==Табдили алкимиё ба кимиё==
Line 48 ⟶ 45:
ҷараёнҳои фалсафаи исломӣ асоснок намуда, анбиқҳои махсусе таҳия намудааст ва дар зимни омӯзиши анбиқҳо роҷеъ ба категорияҳо, инчунин дар бораи фарқ байни зоҳир ва ботин сухан рондааст. Аз сабабе ки Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши таносуби ҷисм ва рӯҳ ба натиҷаи мусбат нарасидааст, бинобар ин ӯ мухолифи ақидаи таҳаввули рӯҳ будааст. Ин натиҷагирӣ ба ӯ имкон додааст, ки нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигари мусулмон бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият бидиҳад, яъне барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хубе гузоштааст.
Дар баробари ин аз ҳама бештар вожаҳои алкимиёиро тафсир намудааст. Асарҳои ӯ «Китоб – ул асрор» ва «Аз – мадҳалул – таълимӣ» аз тарафи олимони исломӣ дар асрҳои баъд ҳамчун асарҳои соҳаи алкимиё омӯхта шудаанд, зеро дар онҳо забону вожаҳои ҳамин соҳа истифода шуда будаанд ва мазмуни ин асарҳо ба соҳаи кимиё иртибот доштанд. Ар–розӣ дар тадқиқотҳои худ дар ин ришта бештар ба Ҷобир пайравӣ кардааст.Масалан, дар масъалаи тақсим кардани филизот саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз филиз сохтани асбобҳоро барои таҷрибаи кимиёӣ ва об кардани маъданҳоро баён
доштааст. Вай дар хусуси сохтани [[шиша]]ҳои гуногун пешниҳодҳои судманд дорад. Намудҳои беҳтарини он шишаи беранги ҷилонок буда, бо сифати худ ба булӯр монанд аст.
 
Закариёи Розӣ бори аввал дар таърихи кимиё моддаҳоро ба се гурӯҳ маъданӣ, рустанигӣ ва ҳайвонӣ ҷудо кардааст. Моддаҳои [[маъдан]]иро бошад, дар навбати худ дар шаш гурӯҳ: 1) моддаҳои аз гармӣ бухоршаванда: [[симоб]], [[амиак]], [[сулфур]] ва ғайра: 2) филизот: [[тилло]], [[нуқра]], [[мис]], [[оҳан]], (рӯҳ) ва ғайра:
Line 98 ⟶ 95:
:Ду сандуқ пур сурбу арзиз кард.
 
Агарчи Ал – Берунӣ дар китоби хеш ба номи «Ал – ҷамоҳир фи маърифат ал – ҷавоҳир» роҷеъ ба он маълумот додааст, вале табиати он ноаён мондааст. Аз маълумоте, ки Ҳасан Алии Шайбонӣ додааст, бармеояд, ки оҳани чинӣ иборат аз пайкарҳои дарунтиҳӣ будааст ва дохили онро маъмулан бо симоб пур мекарданд.Ба назари мо, шояд манзур аз оҳани чинӣ ҳамон зарфи чинӣ ё фарфор бошад, ки дар амалиёти кимиёӣ ба шакли васеъ истифода мешавад.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ name="ReferenceA"// Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
 
== Анвоъи сангҳо ==
Закариёи Розӣ анвоъи сангҳоро ба гурӯҳи алоҳида ҷудо карда, навъҳои онҳоро мусовӣ ба сездаҳ медонад.
 
Яъне:
Line 124 ⟶ 121:
хӯрда барг – барг мешавад.
12. Гаҷ, як навъ дорад ва яке аз ҷинсҳои кӯҳӣ мебошад.
13. Обгина, санги шишамонанд аст, ки сафед ва чун булӯр соф аст.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9<name="ReferenceA"/ref>
 
== Набототи табобатӣ ==
Line 144 ⟶ 141:
корҳои илмию таҷрибавии ӯро бо забонҳои гуногун тарҷума намудаанд. Як қатор олимони
Аврупо ба корҳои Закариёи Розӣ баҳои баланд дода, ӯро олим ва донишманди бузург, асосгузори
илми кимиё шуморидаанд.<ref name="ReferenceA"/>
илми кимиё шуморидаанд.<ref>З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
 
 
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида, номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.