Муҳаммадҷон Шакурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Имло, replaced: Мавзуъ → мавзӯъ using AWB
Сатри 27:
Шакурӣ соли [[1939]] аз Бухоро ба Душанбе мекӯчад. Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли [[1941]] донишҷӯи забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд ва онро соли 1945 хатм кардааст. Ҳамзамон бо донишҷӯӣ, соли 1943 то 1945 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрӯз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор карда ва дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шӯъбаи Фарҳангистони улуми шӯравӣ дар Тоҷикистон) лаборант буда аст.
 
Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1945 устоди ин донишкада шуд. Дар солҳои 1945 - 1946 устоди Донишкадаи муаллимии Кӯлоб буд. Сипас ба Душанбе баргашт ва дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе то соли 1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши хониши матн, равиши омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамзамон солҳои 1948 - 1951 дар аспирантураи ин донишкада таҳсил дошта ва устоди раҳнамояш Холиқ Мирзозода буд. МавзуъиМавзӯъи пажӯҳишаш «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» буда, вале азбаски ҳангоми баррасӣ дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри 1952 Аҷзӣ шоири иртиҷоъӣ дониста шуд, пажӯҳишномааш рад шуд ва заҳмати сесолааш бар бод рафт.
 
Соли [[1953]] пажӯҳишро дар «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» оғоз кард ва онро соли [[1955]] дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ бо раҳнамоии профессор Иосиф Брагинский ба поён расонда ва [[28 феврал]]и [[1958]] рисолаашро дифоъ ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт кард.
Сатри 75:
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]]