Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тасвир, илова
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат using AWB
Сатри 29:
|Сайт =
}}
'''Садриддин Айнӣ ''' (''Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ'', {{lang-fa|صدرالدین عینی}}) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, [[нависанда]], [[олим]], академик ва нахустин Президенти [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ([[1951]]- [[1954]]), Ходими хизматнишондодаи илми [[ҶШС Тоҷикистон]], академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС [[Ӯзбекистон]]. [[Қаҳрамони Тоҷикистон]]([[1997]]).<ref>[http://navisandagan.tj/index.php/tj/adibon/navisandagon/sadriddin-ajn Нависандагон,Садриддин Айнӣ] </ref>
 
== Зиндагинома ==
Сатри 58:
==Эҷодиёти устод==
Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.
Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳратишӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:
{{иқтибос|муаллиф= Айнӣ|
<big>'''Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Сатри 108:
Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба
авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда , рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо» -ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.<ref>[http://www.ishq.tj/publ/shoironi_muosir/sadriddin_ajn/zindaginomai_sadriddni_ajni/18-1-0-25 Зиндагиномаи Садриддни Айнӣ ]</ref>
Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии СССР гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.<ref> name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 10 -12 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
=== Саҳми илмӣ ===
Сатри 122:
;Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.'''</big>}}
 
Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.. <ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ).name="ReferenceA"/Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 10 -12 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ ==
Сатри 132:
== Некдошти устод ==
[[File:Dushanbe 2015 (15).JPG|thumb|Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий пайкараҳои асосгузорони адабиёти шӯравӣ, назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ш. Душанбе]]
[[File:Museum Sadridina Ayni in Samarkand .jpg|thumb| Осорхонаи Садриддин Айнӣ (дар ҳавлии нависанда) дар ш. Самарқанд]]
{{иқтибос|муаллиф=|
Сатри 152:
* Дар ш. Душанбе [[Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ]] ва [[Мақбараи Айнӣ]] бунёд шудааст;
*
* Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] тақдир шудааст. <ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ).name="ReferenceA"/Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 10 -12 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
[[Акс:TJ-Tajik Writers Union building, Dushanbe (5).JPG|thumb|Шоиру нависандагон дар шафати бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, С. Айнӣ бо М. Горкий]]
 
Сатри 174:
* "[[Ёддоштҳо]]" (дар 4 китоб).
* Асарҳои ӯ дар "Куллиёти Айнӣ" иборат аз 15 ҷилд нашр шудааст.<ref name="kmt.tj"/>
* "[[Мактаби кӯҳна]]" <ref name=" http://kmt.tj/content/"> </ref> ;
 
== Асарҳо дар китобхонаи электронӣ ==
Сатри 260:
*[[Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ]]
*[[Мақбараи Айнӣ]]
 
 
== Эзоҳ ==