Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 125:
 
== Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ ==
Рӯзе дар хонаи нависанда [[Ҷалол Икромӣ]] нишасте ба ифтихори [[Бобоҷон Ғафуров]] барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла [[Мирзо Турсунзода]] ва профессор [[Брагинский Иосиф|Иосиф Самойлович Брагинский]] ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби [[Тоҷикон (китоб)|«Тоҷикон»]] месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: {{иқтибос|муаллиф=|
'''Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод [[Айнӣ]] буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.'''}}
Ин сухани [[Бобоҷон Ғафуров]] ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик
хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд."<ref>[http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи М. Шакурӣ]</ref>