Омударё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Removing Link FA template (handled by wikidata) - The interwiki article is not featured
х Ивази шаблон
Сатри 1:
{{Қуттии Дарё
|Ном = [[Амударё|Амударё]]
|Номи тоҷикӣ=Амударё<br />Оmudaryo
|Номгузории миллӣ =
|Акс=Afghanistan - Tajikistan Bridge Completion.jpg
|Акс =
|caption=Ҳавзаи Амударё
|Имзои тасвир =
|Сарчашма=[[Панҷ (рӯд)|Панҷ]], [[Вахш]]
|Дарозӣ =
|Резишгоҳ=[[Баҳри Арал|дарёи Арал]]
|Майдони ҳавз =
|Кишварҳои обгир=[[Тоҷикистон]], [[Афғонистон]], [[Туркманистон]] ва [[Ӯзбекистон]]
|Ҳавз =
|Дарозӣ=1415 км
|Хуруҷи об =
|Ҳавзаи обхез=534 739 км²
|Мавқеи ченак =
|Сарчашма =
|Мавқеи сарчашма =
|Баландии сарчашма =
|Координатаҳои сарчашма =
|Резишгоҳ =
|Мавқеи резишгоҳ =
|Баландии резишгоҳ =
|Координатаҳои резишгоҳ =
|Нишеби дарё =
|Давлат =
|Минтақа =
|Ноҳия =
|Харитаи мавзеъ =
}}
 
'''Амударё''' ({{lang-fa|'''آمودریا'''}}) — [[рӯд]]ест дар [[Осиёи Марказӣ]] ки дар [[Тоҷикистон]], [[Афғонистон]], [[Туркманистон]] ва [[Ӯзбекистон]] равон аст ва резишгоҳи он [[Баҳри Арал|дарёи Арал]] аст.
 
Сарчашмаи рӯди Амударё рӯдҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] ва [[Вахш]] ҳастанд, ки яке аз [[кӯл|дарёжаи]] [[Зоркӯл]] дар сарзамини Тоҷикистон ва дигаре аз кӯҳсори Олой дар сарзамини [[Қирғизистон]] об мегиранд.
 
Дарозии ин рӯд 1415 км, паҳноварии ҳавзаи обхезаш 534 739 км², миёнгини гузашти обаш 2,525 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ ба кор меравад.
 
== Решашиносии ном ==
Куҳантарин номи таърихии Амударё Вахш аст, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» (дар давраи эронии бостон) буда маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.
 
Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
 
Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «'''Ҳудуд-ул-олам'''» дар фасли ''«Сухан андар рӯдҳо»'' мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро '''Харноб''' хонанд, аз мағриби кӯҳи '''Қасак''' биравад ва миёни [[вилояти Бадахшон|Бадахшон]] ва [[Ноҳияи Фархор|Порғар]] андар [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. саҳ. 40</ref>.
 
Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: ({{lang-fa|'''جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب'''}}). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» ({{lang-fa|'''خروآب'''}}) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он - «шарв», «шорв» ва «шор» - ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» - ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар [[Ноҳияи Нуробод|Дарбанд]], Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар [[Ноҳияи Дарвоз|Дарвоз]], Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар [[Ноҳияи Ванҷ|Ванҷ]], Рошорву Ҳидошарв дар [[Ноҳияи Рӯшон|Рӯшон]], Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар [[Ноҳияи Шуғнон|Шуғнон]] ва Абхарву Шитхарв дар [[Ноҳияи Ишкошим|Вахон]] зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.
Line 27 ⟶ 40:
Амударё дар «[[Авесто]]» «'''vanhuyā daityayā'''» хонда шуда ва «'''daityayā'''» баргирифта аз «'''dātya'''» дар эронии бостон (имрӯз «'''дод'''» гӯем ба маънии «'''адл'''») ва баргардонаш «'''бар пояи доду адл'''» аст. «'''vanhuyā'''» лақабест сифатгуна ва имрӯз «'''беҳ'''» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «'''airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā'''» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «'''Эронвеҷ веҳ дод рӯд'''» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро '''Веҳрӯд''' (Беҳрӯд) гуфтанд.
 
Аммо Аму бархоста аз номи амардҳо – бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Амуй гашт: порсии бостон «Amard» => [[порсии миёна]] «Amol» => [[Забони Форсӣ|порсии нав]] «آموی» (бар асари қоидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => [[Порсии миёна|ПМ]] «sāl» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «сол»; ПБ *baudah- => [[Порсии миёна|ПМ]] «bōy» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «бӯй»).
 
Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи [[Марв]] ба [[Бухоро]] буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
 
Арабҳо Вахшро «'''наҳр'''» ва «'''ҷайҳун'''» хонданд, ки ҳамон «[[рӯд]]» аст. Аз инҷост, ки Фарорӯдро «[[Мовароуннаҳр]]» ({{lang-fa|'''«ماوراءالنهر»'''}}) ва Вахшро «Ҷайҳун» ({{lang-fa|'''«جیحون»'''}}) ва Амуйро «Амул» ({{lang-fa|'''«آمل»'''}}) номиданд ва барои бозшинохтанаш аз Амули Табаристон онро Амули Ҷайҳун ({{lang-fa|«'''آمل جیحون'''»}}) ва Амули Шатт ({{lang-fa|«'''آمل الشط'''»}}) низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «'''paradraya'''» дар порсии бостон аст.
 
Амулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш '''Чаҳорҷӯй''' ном гирифт то ин ки туркманҳо [[Туркманобод]]аш ном гузоштанд.
Line 45 ⟶ 58:
{{Умуми}}
 
[[Гурӯҳ: Ҷуғрофияи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Дарёҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дарёҳо аз рӯи алифбо]]