Варзиши сабук: Тафовут байни таҳрирҳо

Removing 100m_Athens_1896.jpg, it has been deleted from Commons by Jameslwoodward because: per c:Commons:Deletion requests/File:100m Athens 1896.jpg.
No edit summary
(Removing 100m_Athens_1896.jpg, it has been deleted from Commons by Jameslwoodward because: per c:Commons:Deletion requests/File:100m Athens 1896.jpg.)
 
== Таърих ==
 
[[Акс:100m Athens 1896.jpg|alt= Финал дар давидан ба масофаи 100 метр. Бозиҳои олимпии соли 1896.|thumb|230x230px|Финал дар давидан ба масофаи 100 метр. [[Бозиҳои олимпӣ|Бозиҳои олимпии]] соли 1896.]]
Таърихи Варзиши сабук аз мусобиқаҳои давидан дар бозиҳои олимпии Юнони Қадим (соли 776 пеш аз милод) шурӯъ мешавад. Таърихи Варзиши сабуки муосир аз мусобиқаи давидан ба масофаи 2 км, ки муҳассилини коллеҷи шаҳри Регбии Англия соли 1837 ташкил намуданд, ибтидо мегирад. Баъд аз ин чунин мусобиқаҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ доир мегардиданд. Дертар ба барномаи мусобиқа давидан бо монеаҳо, партофтани ашёи вазнин, аз соли 1851 ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ бо дав дохил карда шуданд. Соли 1864 байни донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ нахустин мусобиқаҳои Варзиши сабук баргузор гаштанд, ки минбаъд ба мусобиқаҳои дуҷонибаи анъанавии ҳарсола табдил ёфтанд. Соли 1865 Клуби варзиши сабуки Лондон ва соли 1880 мақоми олии Варзиши сабук – Ассотсиатсияи дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд. Варзиши сабук дар ИМА аз соли 1868 инкишоф ёфта, ба зудӣ дар донишгоҳҳо васеъ паҳн шуд ва ин замина муҳайё кард, ки варзишгарони амрикоӣ дар солҳои баъдӣ (то соли 1952) дар ҷаҳон мавқеи пешбарро ишғол намоянд. Солҳои 1880–1990 дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ассотсиатсияҳои дӯстдорони Варзиши сабук ташкил карда шуд, ки клубҳои алоҳида, лига ва мақомоти олии ҳуқуқпайдокарда оид ба Варзиши сабукро муттаҳид мекарданд. Инкишофи Варзиши сабуки муосир ба аз нав эҳё гардидани Бозиҳои олимпӣ (1896) алоқаманд аст. Имрӯз Бозиҳои олимпӣ омили тавоное барои рушди Варзиши сабук дар ҷаҳон мебошанд.