Санҷид: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Elaeagnus angustifolia 20050905 942.jpg|thumb|Санҷид]]
 
'''Санҷид''', ҷигда ({{забон-код|la|Elaeagnus}}) растаниест даряк шаклинавъ бутта ё дарахт, ки дар [[Аврупои Ҷанубӣ]], [[Осиёи Марказӣ]] ва [[Осиёи Шарқӣ|Шарқӣ]], [[Амрикои Шимолӣ]] мерӯяд. Қариб 40 навъаш маълум аст.
 
Гулаш дуҷинса, зард, сершаҳд, хушбӯй ва аз равғани эфир бой мебошад. Мевааш донакдор, хушхӯр. Дар таркибаш 46-65% қанд, 1,3% кислота, 200мг% [[витамини C]] мавҷуд аст. Дар табобати касалиҳои меъдаю рӯда ба кор мебаранд.
== Тавсифоти биологӣ ==
Аз 5 то 12 м қад мекашад. Барги санҷидро пулакчаҳои нуқратоб пӯшидаанд. Гулаш зангӯлашакл ё қифмонанд, зард, хушбӯй, сершаҳд ва аз равғани эфир бой мебошад. Мевааш иборат аз пӯст, ордаки ширин ва донак, хушхӯр; сентябр – октябр мепазад. Санҷид намудҳои бисёр дорад. Дар таркибаш 46-65% қанд, 1,3% кислота, 200мг% [[витамини C]] мавҷуд аст.
 
== Намудҳои санҷид дар Тоҷикистон ==
Дар Тоҷикистон се намуди он мерӯяд: E. angustifolius (дар водии дарёҳои Помиру Олойи Шимолӣ ва Ҷанубӣ), E. orientalis (дар бешаҳои паҳнбарги Помиру Олойи Марказӣ; дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мепарваранд) ва E. songarica (дар водии Зарафшон).
 
== Хосияти шифоӣ ==
Санҷид меваи писандидаи мардуми Шарқ аст. Онро барои тархӯрӣ ва хушконида истифода мебаранд. Санҷид меваи фараҳовар ва қувватбахш мебошад. Хӯрдани он барои дарди сар шифо мебахшад, сурфаи гармро таскин медиҳад, неруи нигаҳдорандагии меъдаро меафзояд, иллати қай карданро таскин медиҳад. Истеъмоли санҷиди хом исҳолро манъ мекунад; ордаки он низ чунин таъсир дорад, харошидагии даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад. Бӯидани гули санҷид боҳро меангезад (хусусан дар занҳо), фараҳ меоварад, дил ва майнаро қувват мебахшад, агар бихӯранд барои фалаҷ ва кузоз дору мебошад, дамкӯтаҳӣ ва захми шушро сиҳат мекунад, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил медиҳад, истисқо ва зардпарвинро дафъ менамояд. Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузошта банданд, ба рим меоварад, рими онҳоро пок месозад. Молидани равғани санҷид барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз мекунад. Бо мақсади тайёр кардани равғани санҷид баргҳои онро дар равған то муҳарро шуданаш меҷӯшонанд.
 
== Адабиёт ==
* Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
* Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.
 
==Манбаъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Санҷид"