Санҷид: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 28:
== Хосияти шифоӣ ==
Санҷид меваи писандидаи мардуми Шарқ аст. Онро барои тархӯрӣ ва хушконида истифода мебаранд. Санҷид меваи фараҳовар ва қувватбахш мебошад. Хӯрдани он барои дарди сар шифо мебахшад, сурфаи гармро таскин медиҳад, неруи нигаҳдорандагии меъдаро меафзояд, иллати қай карданро таскин медиҳад. Истеъмоли санҷиди хом исҳолро манъ мекунад; ордаки он низ чунин таъсир дорад, харошидагии даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад. Бӯидани гули санҷид боҳро меангезад (хусусан дар занҳо), фараҳ меоварад, дил ва майнаро қувват мебахшад, агар бихӯранд барои фалаҷ ва кузоз дору мебошад, дамкӯтаҳӣ ва захми шушро сиҳат мекунад, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил медиҳад, истисқо ва зардпарвинро дафъ менамояд. Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузошта банданд, ба рим меоварад, рими онҳоро пок месозад. Молидани равғани санҷид барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз мекунад. Бо мақсади тайёр кардани равғани санҷид баргҳои онро дар равған то муҳарро шуданаш меҷӯшонанд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Line 33 ⟶ 36:
* Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.
 
== Сарчашма ==
==Манбаъ==
* [[Энсиклопедияи мухтасари тиб]]. Ҷилди IV. — Душанбе: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2012. — 504 с. — ISBN 978-99947-33-46-0.
*[https://uz.m.wikipedia.org/wiki/Jiyda Википедияи ӯзбекӣ]
 
{{ботаника-нопурра}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Санҷид"