Сайрам Бақозода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 26:
 
==Зиндагиномаа==
Сайрам Бақозода - [[14 феврал]]и соли [[1977]] дар [[ноҳияи Файзобод]]и Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]], ба факултаи филологияи тоҷик дохил шудааст. Аз овони ҷавонӣ ҳанӯз ба таърих ва адабиёти халқи тоҷик ва ҷаҳон шавқу ҳаваси зиёд доштааст. Баъди хатми [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] як сол дар Донишгоҳи мазкур ба ҳайси муаллими хурд дар факултаҳои ғайрифилологӣ фаъолият карда, соли 2001 ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Худи ҳамин сол барои корҳои илмиаш дар мавзӯи «Таърихияти эҷодиёти Сотим Улуғзода» ба Институти адабиёти чаҳонииҷаҳонии ба номи М. Горкий ба шаҳри Маскав равона шуда, тӯли як сол он ҷо мемонад.
Аз соли 2002 то соли 2006 дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, сармуҳарририи рӯзномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи феврали соли 2006 ба ҳайси муҳаррир ба Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии [[Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум)]] даъват карда мешавад. Дар аввал ба ҳайси муҳаррир дар барномаи наврасон «Манора» фаъолияти худро оғоз карда, пас нахустбарномаи муаллифиаш бо номи «Сарнавишт» ва қаҳрамони аввалинаш нависандаи бузург ва таърихнигори тоҷик [[Сотим Улуғзода]] пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Аз моҳи феврали соли 2010 Сайрам Бақозода ба ҳайси сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии «СИМО фаъолият дошта, тӯли ин муддат барномаҳои нави «Шоми диёр», «Таъкид» дар мавзӯи худшиносии миллӣ, «Нақшҳои сухангӯ» дар мавзӯи либоси миллӣ, «Тавозун» дар мавзӯи баробарии гендерӣ, «Оҳанги умед» инчунин дар рӯзҳои ҷашнҳо дар якҷояги бо гурӯҳи эчодии барномаи мустақими «Тамос»-ро пешкаши тамошобинон мегардонд.
Айни замон (2017) ӯ дар вазифаи муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Рисолаи илмии худ дар мавзӯи «Таърихияти насри Сотим Улуғзода» ҳимоя карда, номзади илм ва дотсент мебошад. С. Бақозода муаллифи ду китоб, 1 монография ва 10 мақолаи илмӣ аст. <ref>[https://subhonjalilov.wordpress.com/зодагони-диёри-бод/ Зодагони диёри бод]</ref>
 
== Эҷодиёт ==