Темур Зулфиқоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Mishae (баҳс | ҳисса)
х Темур Зулфиқоров
Сатри 1:
{{адиб
|Ном = Темур Зулфиқоров
|Номи аслӣ = Зулфиқоров Темур Қосимович
|Акс = Темур Зулфиқоров.jpg
|Тавсифи акс = Темур Зулфиқоров - тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус
|Зодрӯз = 17.8.1936
|Зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|Санаи марг =
|Маҳали вафот =
|Шаҳрвандӣ = {{Парчами СССР}} [[Иттиҳоди Шӯравӣ|ИҶШС]] {{Парчами Русия}} [[Русия]]
|Намуди фаъолият = [[шоир]], романнавис ва намоишноманавис
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр =
|Забони осор = русӣ
|Сайт = http://www.zulfikarov.ru http://zulfikarov.narod.ru
|Викианбор =
|Викитека =
}}
'''ЗулфиқоровТемур ТимурЗулфиқоров''' (''Зулфиқоров Темур Қосимович''; {{СанаиТаваллуд|17|8|1936}}, [[Душанбе]]) — [[шоир]], романнавис ва намоишноманависи русзабони [[Мардуми тоҷик|тоҷик]].
 
== Зиндагинома ==
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти [[ноҳияи Шаҳринав]] будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири “тройка” қарор мегирад.
Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муҳаққиқони муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки гӯишҳои ҳисориро мавриди пажуҳиш қарор дода, ҳамзамон яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ” буд.
 
=== Таҳсилот ===
Темур Зулфиқоров аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.
 
== Эҷодиёт ==
Аввалин асаре, ки худи Зулфиқоров аз он зиёд ёд мекунад ва қадамаш ба адабиётро низ аз он медонад, “Достони марги Амир Темур” буд, ки соли 1971 интишор ёфт. Ва баъди он тадриҷан повесту романҳо ва қиссаҳояш яке паси дигар рӯйи чопро диданд ва имрӯз ин нависандаи маъруф соҳиби 20 китоби назму наср аст, ки дар солҳои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллиард нусха ба беш аз 12 забони олам нашр шудааст.
 
Бахусус, романҳояш дар бораи Хоҷа Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагораш “Сафари заминӣ ва осмонии шоир” миёни ҳаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Соли 1993 ин асар беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи британиёии “Коллетс” шуд.
 
== Ҷоизаҳо ==
Баъди соли 2000 Темур Зулфиқоров ду маротиба ба ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод кардаанд, вале пазуруфта нашуд.
Темур Зулфиқоров барандаи чандин ҷоизаи дигари адабист. Аз ҷумла барои “Барҷастатарин осори адабии рус” соли 2004 романи машҳураш “Масали тилоии Хоҷа Насриддин” сазовори ҷоизаи “Ясная Поляна” шуда буд. Соли 2005 романи “Коралловая Эфа”-и ӯ “Беҳтарин китоби соли 2005” дониста шуд. Соли 2008 сазовори ҷоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои беҳтарин сенария дар Ҳоливуд ҷоизаи «Хартли-Мерилл»-ро соҳиб шуд. Соли 2011 романи “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад (с)” дар озмуни умумирусиягии “Пайғамбар Муҳаммад (с)-раҳмат барои оламиён” ғолиб дониста шуд.<ref>[http://tojnews.org/tj/news/temur-zulfikorov-80-sola-shud Темур Зулфиқоров 80-сола шуд — Тоҷнюз]</ref>
 
== Баҳои эҷодиёти шоир ==
Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки:
{{аввали иқтибос}}“Шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад”.{{охири иқтибос|сарчашма=Аниса Собирӣ}}
Line 44 ⟶ 45:
Ва ҳамаи ин адибону мунаққидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиқоров як нобиғаи ҳанӯз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст.
 
== Осор ==
 
* «Поэмы странствий» — М.: Молодая гвардия, 1980, 480 с.
* «Две легенды о любви» — Душанбе: Ирфон, 1980, 204 с.
Сатри 74:
Аввалин асари Зулфиқоровро бо замони тоҷикӣ нависандаи хушкаломи тоҷик, марҳум Муҳаммадзамони Солеҳ тарҷума кард. Ба ин тарҷума худи адиб баҳои баланд додаву гуфта буд, ки аз асл беҳтару равонтар аст. Баътар нависандаи тавонои тоҷик Нур Табаров низ чанд асари ӯ, аз ҷумла '''''“Афъимори марҷонӣ”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Марг нест”, “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” (с)'''''-ро ба тоҷикӣ баргардонд, ки ҳоло дар шакли китоб дар “Адиб” нашр шудааст.
 
== Филмномаҳо ==
Темур Зулфиқоров муаллифи сенариё ба бештар аз 20 филми ҳунариву мустанад аст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун чун беҳтарин сенариё эътироф шудаву соҳиби ҷоизаҳо гаштаанд. Аз ҷумлаи ин сенарияҳо ба филмҳои '''''“Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Инсон аз пайи паррандаҳо меравад”, “Мурғи сиёҳ ва ё сокинони зеризаминӣ”, “Сароби ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”''''' ва ғайра мебошанд.<ref>[http://www.ozodi.org/a/tajikistan_timur_zulfikarov_famous_poet_and_writer/24301291.html Темур Зулфиқоров: Шоири нобиға, вале камбағали ду миллат — Радиои Озодӣ]</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳои беруна ==
# [http://www.zulfikarov.ru Сомонаи расмӣ]
# [http://news.tj/tj/news/shomi-e-odii-temur-zulfi-orov-dar-dushanbe-0 Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров дар Душанбе — «ASIA-Plus»]
 
== Сарчашма ==
* [[Википедиаи Русӣ]]
* [http://www.tojnews.org Сомонаи расмии Тоҷнюз]