Аминҷон Шукӯҳӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат using AWB
Mishae (баҳс | ҳисса)
х викифонидан
Сатри 4:
|Акс =
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз = [[10 июн]]и [[1933]]
|Зодгоҳ = [[ноҳия]]и [[Хуҷанд]]
|Санаи марг =
|Маҳалли вафот =
|Табаият =
|Намуди фаъолият = [[шоир]], [[нависанда]], [[тарҷумон]], дромнавис
|Солҳои фаъолият =
Line 20 ⟶ 14:
|Мукофотҳо =
|Ҷоизаҳо =
|Lib =
|Сайт =
|Викииқтибос =
|Соядаст =
}}
'''Аминҷон Шукӯҳӣ''' — [[шоир]], [[нависанда]], [[тарҷумон]], дромнавис, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (2008), [[Шоири халқии Тоҷикистон]] (1994).
 
==Зиндагинома==
'''Аминҷон Шукӯҳӣ''' (Ҳоҷибоев Аминҷон) [[10 июн]]и соли [[соли 1933]] дар деҳаи Рӯмони [[ноҳия]]и [[Хуҷанд]] таваллуд ёфтааст. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар [[мактаб]]ҳои [[ноҳия]] [[омӯзгор]]ӣ кардааст. Солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] дар мақомоти умури дохилӣ хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири [[рӯзнома]]и «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи [[рӯзноманигор]]ии Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро ба поён расонда, муҳаррири [[рӯзнома]]и «Тоҷикистони Советӣ» таъин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] фаъолият бурда, сипас, то охири умр, раиси Кумитаи [[телевизион]] ва [[радио]]и ҷумҳурӣ будааст. Соли 1994 сазовори унвони фахрии [[Шоири халқии Тоҷикистон]] (пас аз маргаш) гардидааст. Аз соли 1947 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст. 10 июни соли 1979 дар Душанбе аз олам даргузашт.
 
==Эҷодиёт==
Нахустин [[шеър]]аш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ расидааст. Аввалин
маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди [[чашма]]сор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди [[ватан]]дӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо [[забон]]и содаю равонашон ҷозиб буданд. Ҳамин хусусиятҳо дар [[ашъор]]и маҷмӯаҳои «[[Ватан]]и сулҳ» (1952), «[[Рӯз]]ҳои мо» (1954-1955), «Садои [[дил]]» (1956), достони «[[Кӯча]]боғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи [[қалам]]» (1971), [[китоб]]и дубайтию [[рубоӣ|рубои]]ҳои «[[Чормағз]]» (1973) ва ғ. боз ҳам тақвият ёфта, шӯҳрату маҳбубияти [[муаллиф]]ашонро дар миёни мардуму аҳли [[қалам]] таъмин доштаанд. Баргузидаҳои [[ашъор]]и [[муаллиф]] баъди сараш дар гулчину маҷмӯаҳои «Кӯчабоғи ошиқон», (1984), «Шохаи райҳон» (2003) ва «[[Барг]]ҳои тиллоӣ» (2014) ба табъ расидаанд. Ба туфайли маҷмӯаҳои ашъори «Ил-18 омад» (1968), «Баррачаи дупо» (1964), қиссаҳои «[[Об]] аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972) бачаҳоро бо воқеаҳои мухталифи зиндагӣ ва шахсони гуногунхислат ошно гардонда, дар шинохти неку бад имдодашон расондааст. Аввалин асари мансури нисбатан калони ӯ [[ҳикоя]]и «Шаҳло» буд, ки соли 1964 ҳамроҳи Ҳилолиён Аскар навиштааст. Баъдан, дар ҳамқаламии А.Ҳилолиён [[қисса]]ҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ» (1967), [[роман]]и «Печутоби [[роҳ]]ҳо» (1977 1978) ва «Садафи сиёҳ» (1974)-ро пешкаши хонандагон намудааст. Худ боз [[муаллиф]]и [[қисса]]и «Парии ҷазира» (1973) аст. Яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, бисёре аз шеърҳояш оҳангбандӣ шуда, ба таронаҳои маҳбуби мардум табдил ёфтаанд. Драмаҳои «Кӯчабоғи ошиқон (1964), «Шабҳои фироқ» (1968), «МИВО» (1970), либреттои операи «Бозгашт» (1967), ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд дар саҳнаҳои [[театр]]и [[Душанбе]]ю [[Хуҷанд]] мавриди намоиш қарор гирифтаанд. Дар заминаи қиссаи «[[Об]] аз куҷо меояд?» филми бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки мақбули умум аст. Баъзе аз навиштаҳояшро ба [[забон]]ҳои гуногун тарҷума ва чоп кардаанд. Худаш осори алоҳидаи [[Александр Пушкин|А.С.Пушкин]], [[Михаил Юревич Лермонтов|М.Ю.Лермонтов]], О.Райнис, В.Сурков ва дигаронро ба [[тоҷикӣ]] гардондааст.
 
алоҳидаи А.С.[[Пушкин]], М.Ю.Лермонтов, О.Райнис, В.Сурков ва дигаронро ба [[тоҷикӣ]] гардондааст.
==Мукофот==
*Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965);
*Ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»;
*«Нишони фахрӣ».<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 304 - 305 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>.
 
== Манбаъ ==
==Эзоҳ==
<references/>
{{Эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]