Ҷорҷ Вашингтон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 35:
 
==Зиндагинома==
[[Акс:Gilbert Stuart Williamstown Portrait of George Washington.jpg|thumb|Ҷорҷ Вашингтон]]
Ҷорҷ Вашингтон [[22 Феврал]]и соли [[1732]] дар оилае, ки аллакай 4 - насл(поколение) ки дар Вирҷиния зиндагӣ мекарданд таваллуд ёфтааст. Дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Таҳсилоти хонаводагӣ гирифтааст, мутолиаи китобро дуст медошт. Дар сини 11 солагӣ бе падар мондааст. Касбаш заминпаймо (заминченкун) буд ва дар соли 1748 дар экспедитсияи лорд Ферфакс , ки корҳои заминпаймоиро дар водии Шенандоа мегузаронид, иштирок кардааст. Ҷорҷ дар оилаи бародари ӯгай Лоуренс тарбия ёфта баъд аз вафоти ӯ, [[соли 1752]] вориси мулки Маунт-Вернон, наздики Александрия дар дарёи Потомак шудааст. Ҳамин сол, ӯ майори лашкари халқӣ таъин мегардад ва дар амалиётҳои низомии зидди франсавиҳо ва ҳиндуҳои амрикоӣ иштирок намудааст. Соли 1758 бо рутбаи ҳарбии полковник ба истеъфо баромадааст. Соли 1759 Ҷорҷ Вашингтон ба бевазани сарватманд Марта Дендриҷ Кастис хонадор мешавад ва соҳиби 17 ҳазор акр замин, 300 ғулом ва молу мулк гардида, бо кӯшишу ғайрати хеш ба яке аз заминдорони сарватманди Вирҷиния мубаддал мегардад.