Алиакбар Деҳхудо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 55:
=== Луғатномаи Деҳхудо ===
{{асосӣ|Луғатномаи Деҳхудо}}
Танҳо «Амсолу ҳикам» кофӣ буд, ки ба Деҳхудо дар забону адаби порсӣ ҷовидонагӣ бахшад. Аммо Деҳхудо дар худ набуд, ӯро шавқу ишқу илҳоми ҷонгудоз аз мулки ҳикмату тамсил ба олами розу асрори сухан раҳнамун мекард. Деҳхудо ҳайбату ҳайкали сарзамини муъаззами худро бо вусъати азими ободиҳои бемонандаш, бо таҷаллийи нодири зебоиҳояш, бо номдорони донишписанду донишманду донишпажӯҳаш, ки тули асрҳо гавҳари хираду маърифатро гирд кардаанду гиромӣ доштаанд ва баройи мо, баъдиниён анбошатаанд, дар дар лафзи ширини модарӣ ё худ дар забони қудсийи дарӣ медид. Деҳхудо бо вожаҳо набуд, балки вожаҳо бо ӯ буданд, ки барояш аз Эрон – кишваре қалби ҷаҳон, сарзамини озодагону родмардон, мулки шаҳрёрони бо фарри Эзадӣ, қаламрави соҳибномони корзорҳои донишу ҳунару саноъат, Эроне, ки чароғи ҳидояти башарият аст, наҷво мехонданд. Аз ин рӯ донишу истеъдоду неруи нодиру фавқулъодаи хешро дареғ надошта, бо пайкори шабонарӯзӣ саъй мекард, ки тадвини «Луғатнома»-ро ба поён оварда, порсиро бо тамоми ғановату латофату шукуҳи ҷамол туфайли ин шаҳномаи шоҳвораш дар замири қалбҳо бо ҳуруфи гавҳарин ҳакк намояд ва ба он умри пойдору шуҳрати ҷаҳонӣ бахшад, бехабар аз он ки бо ин қаҳрамонӣ исми худи ӯ низ дар радифи абармардони фарҳангу адаби порсию ҷаҳон ҷовидонӣ гашт. Деҳхудо «Луғатнома»-ро дар тули беш аз 40 сол заҳамоти шабонарӯзияш навишт. Ин асар бо назокати таълиф ва муҳтавою ҳаҷми бузургаш чи дар адаби порсӣ ва чи дар ҷаҳон аз шоҳкорҳои беназиру бемонанд аст. Ҳудуди ниме аз китоб луғоти бо маъниву шоҳид ва ними дигари он эъломи таърихию ҷуғрофиёист. «Луғатномаи Деҳхудо» ҳовии куллия луғоти фарҳангҳои хаттию чопии форсист ва дар нақли онҳо бисёре аз ғалатҳойи гузаштагон тасҳеҳ шудааст ва бисёре аз луғоти туркӣ, муғулӣ, ҳиндӣ, арабӣ, фаронсавӣ, инглисӣ, олмонӣ, русӣ ва дигар забонҳои мутадовил дар забони форсӣ низ дар ин фарҳанг омадааст. Ҳама луғоти форсию маҳаллӣ, номи шаҳрҳову рустоҳо ва калимоти илмию шохис, ҳатто луғоти арабиро метавон дар «Луғатномайи Деҳхудо» ёфт. Дар пешорӯйи ҳар калима маънойи луғавийи он, мавориди корбурд, тарзи талаффузи саҳеҳ, ашъоре дар робита бо он ва бисёре иттилъоти дигар дар борайи луғат қарор дорад. «Луғатномайи Деҳхудо» ҳам доиратулмаъориф аст ва ҳам китоби марҷаъи улуми гуногун ва ҳам луғатнома. Вожайи луғатномаро якумин бор Асадии Тӯсӣ дар «Луғати Фурс» ба кор бурдааст ва аллома Деҳхудо баройи посдошти ӯ ин номро бар рӯйи фарҳанги худ ниҳодааст. Вуҷуди ин китоб дар ҳар хона ё китобхона ё ҷойи дигаре неъмати бузург маҳсуб мешавад. Луғатномае, ки Деҳхудо бештари умри худро сарфи он кард, аз пояи се-чаҳор милён баргаи ёддошт (фиш) бунён ёфтааст, ки Деҳхудо шабу рӯз ба ҷамъоварийи онҳо машғул будааст. Ба гуфтаи худи ӯву наздиконаш вай ҳич рӯз аз кори баргабардорӣ баройи луғатнома ғофил нашуд, магар ду рӯз ба хотири фавти модараш ва ду рӯз ба хотири беморийи сахте, ки дошт. Он гуна ёддошт додаанд, вай чанд милюн фиш аз рӯйи матнҳои муътабари устодони назму насри форсию арабӣ, луғатномаҳои чопию хаттӣ, китобҳои таърих, ҷуғрофиё, тибб, риёзӣ, ҳандаса, ҳайъат, ҳикмат, калом, фиқҳ ва ғ. фароҳам оварда буд. Ва низ нақл мекунанд, ки Деҳхудо бештари ёддоштҳоро аз зеҳни худ менавиштааст. Худи ӯ дар ин бора чунин ёддошт додааст: «Чӣ басо луғоти зиёдест, ки дар кутуби дигар, хусусан дар ашъор омадааст, ки мо онҳоро дар ин ҷо нақл кардаем. Вале аз сӯи дигар ҳазорон луғати форсию ғайрифорсӣ дар тадовул ба кор меравад, ки то кунун касе онҳоро гирд наёварда ба чоп нарасонида аст. Мо бисёре аз ин луғотро ба тадриҷ аз ҳофиза нақл ва сипас онҳоро алифбойӣ кардаем. Вале бояд донист, ки баройи ба хотир овардани чандин ҳазор калима ва алифбойӣ кардани он умри ҳафт каркас мебояд... Ва ин кор ба ҳич фаслу қатъе берун аз беморийи саъби чандрӯза ва ду рӯзи риҳлати модарам – раҳматуллоҳи ъалайҳо, таътил нашуд. Метавонам гуфт, ки бисёре аз шабҳо низ дар хоб ва миёни навму йақза (хобу ҳушёрӣ) дар ин кор будам. Чӣ борҳо, ки дар шаб аз бистар бармехостам ва палита мекардаму чизе менавиштам». 
 
==== Қонуни Табъи «Луғатномаи Деҳхудо» ====
Деҳхудо барои табъи ин асар соли 1925 бо вазорати фарҳанги кишвараш қарордоде баст ва то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм бо ду навбат таҷдид, ду ҷилди онро такмилу нашр кард. Бо оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм интишори ин асар мутаваққиф шуд. Деҳхудо то тасвиби Қонуни Табъи «Луғатномаи Деҳхудо» аз тарафи Порлумони Эрон (сад офарин ба чунин Порлумон!) дар соли 1946, ба ёддоштбардорӣ аз матнҳо барои такмили маводди луғатнома машғул буд ва пас аз тасвиби он тадвину тасҳеҳу табъи асарро бо дастёрии гурӯҳе аз ҳамкорони худ оғоз кард. Соли 1324 (1946-и м.милодӣ) милюнҳо фишро, ки дар таҳияи Луғатнома фароҳам карда буд, тавассути Маҷлиси Шурои Миллӣ ба миллати Эрон ҳадя кард ва Маҷлис низ қонунеро тасвиб кард, ки ин мероси азим чоп шавад ва муассисае низ ба номи ЛУҒАТНОМАИЛуғатномаи ДЕҲХУДОДеҳхудо баройи мудирияти кори чопи луғатнома ва идомайи роҳи Деҳхудо таъсис шавад. Муддате баъд аз тасвиби тарҳи чопи Луғатнома дар Маҷлиси Шӯройи Миллии Эрон Деҳхудо аз олам даргузашт. Аз он замон ба баъд кори ҳамоҳангию мудирияти ЛУҒАНОМАЛуғатнома ба васийяти худи Деҳхудо бар уҳдаи доктор Муҳаммади Муъин гузорда шуд. Муъин ки худ фарди фарҳехта буд ва дар адабийёти форсӣ табаҳҳури фаровон дошт ва китоби «Фарҳанги форсии Муъин» (6 ҷилд) аз осори гаронбаҳойи ӯст, ба хубӣ аз уҳдайи идомайи ин кори бузургу камназир баромад. Илова бар Деҳхудову ҳамкорони авввалийяи ӯ гурӯҳе аз пажӯҳандагони нухбайи илму адаби форсӣ (ҳудуан 50 нафар) таййи беш аз 60 сол дар ҳайати муаллифони Луғатномайи Деҳхудо узвийят доштаанд ва ба таҳийяи маводду танзими онҳо ва низ тадвину таълифи маводди гирдомада баройи «Луғатнома» машғул буданд. То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳийи тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
 
== Эзоҳ ==