Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 45:
Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд.
[[Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт.]] Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муъҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯӣ надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошғарӣ (ваф.1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.