Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таҳсил: таҳрир
х илова
Сатри 1:
{{Адиб
|Ном = Абдураҳмони Ҷомӣ
|Номи аслӣ = Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ {{lang-fa|جامی}}
|Акс =
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра = Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмад
|Тахаллусҳо = Мавлоно Ҷомӣ
|Зодрӯз = 18.08.1414
|Зодгоҳ = вилояти Ҷом, наздикии ш. [[Нишопур]]
|Санаи марг = 19.11.1492
|Маҳалли вафот = ш. [[Ҳирот]]
|Намуди фаъолият = [[шоир]], мутафаккир
|Табаият =
|Намуди фаъолият = [[шоир]]
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр =
|Забони осор = [[забони тоҷикӣпорсӣ]], [[забони арабӣ]]
|Мукофотҳо =
|Ҷоизаҳо =
Line 23 ⟶ 22:
}}
 
'''АбдураҳмониНуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ ''' (Маъмул ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷомӣ, {{lang-fa|جامی}}) шоири барҷастаи [[адабиёти форсу|адабиётиадабиёт]]и классикии форсу тоҷик]] буд.
Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.
 
== Зиндагинома ==
Нуриддин Абдурахмони Ҷомӣ [[18 августиавгуст]]и [[соли 1414]] дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом, наздикии ш. [[Нишопур]] ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба [[Ҳирот]] меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, забон аз вай омӯхтаем».
 
== Таҳсил ==
Баъд аз ин Абдураҳмон дар [[Ҳирот]], дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад.
Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд - ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва бурҳону далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ӯҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» [[Зайниддин Маҳмуди Восифӣ]] нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.
Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон — Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.
 
Line 43 ⟶ 42:
 
Абдураҳмони Ҷомӣ соли [[1453]] ба [[Ҳирот]] меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯӣ надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошғарӣ (ваф. 1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ — Саъдиддини Қошғарӣ, Ҷомӣ роҳбари маслаки [[нақшбандия]]и [[Хуросон]] мешавад. Ӯ муридон (шогирдон)-и зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт. Абдураҳмони Ҷомӣ [[19 ноябр]]и соли [[1492]] дар [[Ҳирот]] аз олам чашм п=шида ба хок супорида шудааст.
 
== Мероси адабӣ ==
Line 54 ⟶ 53:
 
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусҳа то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фикх, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафахотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар баъзе мадрасаҳою мактабҳои Ховар асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мотаърих ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар замонамон шӯҳрат ваШуҳрату эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:
 
::Агар ба форс равад корвони ашъорам,
Line 89 ⟶ 88:
===«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ===
Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ оварда шудааст, ки теъдоди асарҳои назмиву насрии А.Ҷомӣ 54 адад мебошад. «Баҳористон», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Муншаот» аз зумраи асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбанд. Мекӯшем, то оид ба асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ибрози андеша намоем. Асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад.
«Нафаҳот-ул-унс-миқ-қударот-ул-қудус» (дар адабиёти илмию бадеӣ номи ихтисоршудаи он - «Нафаҳот-ул-унс» дида мешавад) асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475-1476 бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад.
«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз асарҳои гаронбаҳотарини ирфонӣ ба ҳисоб рафта, бо хоҳиш ва тақозои Мир Алишери Навоӣ иншо шудааст. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридаддуни Аттор шабоҳат дорад.
Калимаи «нафаҳот» арабӣ буда, маънояш бӯи хуш, роиҳа мебошад. Калимаи «унс» бошад, маънояш дӯстӣ, ошноӣ ва улфат мебошад.
Ҳазрати Ҷомӣ мефармояд:
:Мо надорем машоме, ки тавонем шунид,
:В-арна ҳар дам вазад аз гулшани васлат нафаҳот.
 
«Нафаҳот-ул-унс» соли [[1495]] бо унвони «Насоим-ул-улд» аз ҷониби Мир [[Алишери Навоӣ]] бо забони ӯзбекӣ тарҷума гардидааст, инчунин, тарҷумаи англисию олмонии ин асар низ мавҷуд аст.
Дар «Нафаҳот-ул-унс» доир ба мақому манзалати Мансури ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абӯлхайр, [[Мир Саид Алии Ҳамадонӣ]], Абӯҳошими Сӯфӣ барин шайхони тариқат ва Фаридаддуни [[Аттор]], Саноии Ғазнавӣ, [[Ҷалолиддини Румӣ]], [[Низомии Ганҷавӣ]], [[Камоли Хуҷандӣ]], [[Саъдии Шерозӣ]] ва [[Ҳофизи Шерозӣ]] барин шоирони мутаффаккир маълумоти гуногун пайдо кардан мумкин аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таълифи «Нафаҳот-ул-унс» аз «Рисолат-ул-кушайрия»-и Абӯлқосими Кушайрӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳаҷвирӣ истифода бурдааст, ки беҳтарин нусхаҳои хаттии ин асари гаронбаҳо дар китобхонаҳои шаҳри Душанбе ва Кобул нигоҳдорӣ мешаванд.
«Нафаҳот-ул-унс» ёддошти пурқиммату арзандаест, баҳри тарбияи ахлоқу маънавият. Орифи бузург дар қисмати «Роҷеъ ба Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад ал-Балхӣ-ар-Румӣ» менависад:
«Фармуд, ки суҳбат азизаст… ва гуфт, ки дар ин маънӣ ҳазрати Худовандам Шамсиддин Табрезӣ фармуданд, ки аломати муриди қабулёфта он аст, ки аслан бо мардуми бегона суҳбат надорад ва агар ногоҳ дар суҳбате бегона афтад, чунон биншинад, ки мунофиқ дар масҷид ва кӯдак дар мактаб ва асир дар зиндон…»