Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 96:
 
«Нафаҳот-ул-унс» соли [[1495]] бо унвони «Насоим-ул-улд» аз ҷониби Мир [[Алишери Навоӣ]] бо забони ӯзбекӣ тарҷума гардидааст, инчунин, тарҷумаи англисию олмонии ин асар низ мавҷуд аст.
Дар «Нафаҳот-ул-унс» доир ба мақому манзалати Мансури ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абӯлхайр, [[Мир СаидСайид Алии Ҳамадонӣ]], Абӯҳошими Сӯфӣ барин шайхони тариқат ва Фаридаддуни [[Аттор]], [[Саноӣ|Саноии Ғазнавӣ]], [[Ҷалолиддини Румӣ]], [[Низомии Ганҷавӣ]], [[Камоли Хуҷандӣ]], [[Саъдии Шерозӣ]] ва [[Ҳофизи Шерозӣ]] барин шоирони мутаффаккир маълумоти гуногун пайдо кардан мумкин аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таълифи «Нафаҳот-ул-унс» аз «Рисолат-ул-кушайрия»-и Абӯлқосими Кушайрӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳаҷвирӣ истифода бурдааст, ки беҳтарин нусхаҳои хаттии ин асари гаронбаҳо дар китобхонаҳои шаҳри Душанбе ва Кобул нигоҳдорӣ мешаванд.
«Нафаҳот-ул-унс» ёддошти пурқиммату арзандаест, баҳри тарбияи ахлоқу маънавият. Орифи бузург дар қисмати «Роҷеъ ба Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад ал-Балхӣ-ар-Румӣ» менависад:
«Фармуд, ки суҳбат азизаст… ва гуфт, ки дар ин маънӣ ҳазрати Худовандам Шамсиддин Табрезӣ фармуданд, ки аломати муриди қабулёфта он аст, ки аслан бо мардуми бегона суҳбат надорад ва агар ногоҳ дар суҳбате бегона афтад, чунон биншинад, ки мунофиқ дар масҷид ва кӯдак дар мактаб ва асир дар зиндон…»