Фарқият байни намунаҳои "Александр Греҳем Белл"

no edit summary
 
== Зиндагинома ==
Белл пас аз хатми донишгохи Эдинбург чанд муддат ба омӯзгорӣ машғул буд ва баъд барои такмили дониши худ ба факултети пизишкии донишгоҳи Лондон дохил шуд. Он ҷо дар муддати 2 сол шогирди донишманди машҳур Ҳ. Ҳелмҳолс буд, ки устодаш ба ӯ ғояи омӯзиши аппарати садоии инсонро таълим дод. Белл дар овони ҷавонӣ соли 1871 тарки Англия карда, аввал ба Канада ва соли 1872 ба Амрико мусофират кард. Дар Канада Белл ихтироъкориро давом дода, аз ҷумла фортопианои электрикиро сохт, ки тавассути симҳо мусиқиро интиқол медод. Аз соли 1973 ба сифати муаллими физиологияи нутқ дар Донишгоҳи Бостон кор кардааст. Соли 1976 барои «усул ва аппарат барои интиқоли нутқ ва дигар мавҷҳо ба воситаи телеграф ва бо ёрии мавҷҳои электрикӣ», яъне телефон, патенти ИМА-ро гирифт. Белл инчунин асосгузори сурдопедагогика буда, дар [[шаҳри Бостони]] [[Амрико]] мактабе таъсис дод, ки дар он омӯзгорон бояд ба ношунавоён дарс медоданд. Белл тадриҷан ба хулоса омад, ки ношунавоёнро барои сухангӯӣ омӯзондан мумкин аст. Белл ба хулосае омад, ки ношунавоён аз он ҷиҳат мустақилона гуфтугӯ карда наметавонанд, ки садои нутқи худро намешунаванд. Аз ин рӯ, ба онҳо кумак расондан лозим аст, ки аппарати садоии худро истифода бурда, овозҳоро дуруст талаффуз карда тавонанд. Белл ба такмили аппарати худ пардохт ва ниҳоят ба кашфи телефон муваффақ гардид. Дар ибтидо Белл бо микрофоне, ки дар он мембранаи тунуки оҳанӣ бо электромагнит таъсири мутақобила дошт, таҷриба гузаронида, бо муҳандис Т. Уотсон дар ихтирои тарҳ микрофон, ки қобилияти интиқоли нутқи инсонро дошт, [[патент]] гирифт. Соли 1875 Белл аввалин телефонии таҷрибавии худро сохт. Нахустин гуфтугӯи телефонӣ 10 марти 1876 сабт шудааст, ки дар он Белл ба воситаи телефони ихтироъкардааш ба ёвари дар хонаи ҳамсоя карордошта чунин гуфт: «Мистер Уотсон, ба назди ман дароед. Шумо ба ман даркоред». Дар ибтидо ихтирои Белл чандон маъмул набуд, аммо худи Белл саросари Амрико ва кишварҳои дигар сафар карда, доир ба ихтирои худ лексияҳо мехонд ва онро намоиш медод. Тадриҷан ба ихтирои Белл одамон мароқ зоҳир намуданд ва ӯ тавонист диққати соҳибкорони саноатро ба худ ҷалб кунад. Соли 1878 ширкати телефонии Белл ба кор шурӯъ кард ва соли 1879 бо ширкати «Вестерн Юнион» муттаҳид шуда, «Белл компани» ном гирифт. Пас аз маъмул гаштани телефонҳо ӯ фоидаи калон ба даст оварда, дар Вашингтон Пажӯҳишгоҳи ба номи А. Волтро таъсис дод ва олимони ҷавону боистеъдодро дастгирӣ мекард. Худи Белл дар лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи авиатсия, [[ҳидродинамика]], истифодаи шуои рӯшноӣ (самте, ки минбаъд технологияҳои нахию оптикиро ба вуҷуд овард), таҳқиқот бурдааст. <br />
 
== Бузургдошт ==
Ба ифтихори Белл Ассотсиатсияи байналмилалии ғайритиҷоратии «Пажӯҳишгоҳи муҳандисони электротехника ва электроника» ([[IEEE]]) барои таҳқиқот ва ихтирооти бузург дар соҳаи коммуникатсия Медали тиллои ба номи Беллро таъсис дод.