Хром: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: ХРОМ (Chromium), Cr, элементи химиявии гурӯҳи VI ҷадвали Менделеев, рақами ат. 24, массаи ат. 51,9. Металли...
(бе тафовут)

Нусха 10:06, 10 марти 2017

ХРОМ (Chromium), Cr, элементи химиявии гурӯҳи VI ҷадвали Менделеев, рақами ат. 24, массаи ат. 51,9. Металли сафеди ҷилодор. Соли 1797 аз ҷониби Л.Н. Воклен дар дохили маъдани крокоит каш карда шудааст. Дар саноати металлгудозӣ барои ҳосил кардани пӯлоди баландсифат истифода мешавад. Пайвастҳои хром (оксидҳо ва намакҳои кислотаи хром)-ро дар саноати чарм ҳангоми руйпуш кардани маснуот, барои ҳосил кардани рангҳо, заҳролуд сохтани тухмии зироат васеъ истифода мебаранд. Пайвастҳои хром ба организм тавассути роҳҳои нафас, пардаҳои луобӣ ва пӯсти солим дохил мешаванд. Пайвастҳои шашвалентаи хром (ангидриди хром, кислотаҳои хром ва духром ва ғ.) нисбатан заҳрнок мебошанд. Хроми металлӣ ва пайвастҳои севалентаи он заҳрнокии камтар доранд. Пешгирии заҳролудӣ: истифодаи бодкашҳо, ҳавоногузарии дастгоҳҳо, автоматикунонии раванди истеҳсолот; истифодаи респираторҳо, ниқобҳои зидди газ, дастпӯшакҳо, риояи беҳдошти шахсӣ. Муоинаи қаблӣ ва пешгирисози тиббӣ бо иштироки духтурони касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ ва пӯст ҳатмист. Хроми радиоактив. Аз изотопҳои радиоактиви хром фақат Cr массааш 51 камзаҳр аст; даври нимкоҳишаш 27,8 рӯзро ташкил мекунад. Манбаи афканишоти нури рентгенӣ ва қисман гамма мебошад. Онро барои ташхиси радионуклидӣ истифода мебаранд. Дар намуди намаки хлориди 51Cr барои нишонагузории плазмаи хун ва дар намуди намаки натрийи кислотаи хром барои нишонагузории эритротситҳо кор мефармоянд. Бо ёрии он ҳаҷми умумии хун, ҳаҷми плазма, давомати ҳаёти эритротситҳо ва тромботситҳоро таҳқиқ ва ҳангоми хуншории пӯшида миқдори талафи хунро муқаррар месозанд.