Манган: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: МАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; мет...
(бе тафовут)

Нусха 10:40, 10 марти 2017

МАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. Манганро бори нахуст олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. Манган 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. Манган дар саноат бо усули электролиз, алоюминотермия ва электротермия ҳосил карда мешавад. Манган ва пайвастҳои он дар саноати металлургӣ, шишасозӣ, бофандагӣ ва ғ. истифода мегарданд. Ҳангоми бо пайвастҳои он кор кардан дар шакли гарду чанг, аэрозол ва буғ метавонад ба роҳи нафас ворид гардад. Пайвастҳои манган заҳрнок буда, ба силсилаи асабҳои марказӣ, ҷигар, шуш таъсири бад мерасонанд; бисёр аз пайвастҳои он боиси тағйироти патологӣ дар хун мешаванд. Барои пешгирии заҳролудӣ аз манган тоза нигоҳ доштани ҳавои ҷои кор, истифодаи респираторҳо, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, пӯшидани либоси махсус муҳим аст. Коргароне, ки бо манган тамос доранд, бояд мунтазам аз назорати духтур гузаранд.