Ҳамдам Мӯъминҷонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳамдам Мӯъминҷонов
(бе тафовут)

Нусха 14:45, 14 марти 2017

Ҳамдам Ҳомидович Мӯъминҷонов (21.08.1942, ш. Конибодом ) — олим, файласуф, доктори илмҳои фалсафа (2000), профессор (2003)

Ҳамдам Мӯъминҷонов
Таърихи таваллуд 1942
Зодгоҳ

Зиндагинома

Соли 1965 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба итмом расонда, чанде дар н. Турсунзода муаллимӣ кардааст. Солҳои 1966-1967 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1968-1970 мутарҷим дар Афғонистон, 1971-1978 муҳаррири телевизиони тоҷик, 1978-1982 корманди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, 1983-1985 мудири шуъбаи Бойгонии давлатии ҷумҳурӣ, 1985-1988 корманди Сафоратхонаи СССР дар Афғонистон, 1988-2002 муаллим ва дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Оид ба фалсафаи «Авасто», ойини зардуштӣ, ахлоқ дар он даврон зиёда аз ҳаштод асару мақола ба табъ расондааст. Дар асараш "Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004" бори аввал дар бораи ойини зардуштӣ, таърихи тамаддуни ориёӣ ва шоҳону қаҳрамонҳои ниёкони халқи тоҷик маълумоти саҳеҳи илмӣ аз рӯи дастхатҳои Авесто овардааст.

Осор

  • Проблемаҳои ахлоқ ва фалсафа дар «Авасто». – Д., 1996;
  • Философское и этическое учение зороастризма. – Д., 1996;
  • Зардушт ва оини ӯ. Қисми І. – Д., 1993; Қисми ІІ. – Д., 1997;
  • Философские проблемы зороастризма. – Д. 2000.
  • Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004

Мукофот

  • Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр гардидааст.

Эзоҳ