Аҳмади Дониш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Mishae (баҳс | ҳисса)
х викифонидан
иНшО */ имло
Сатри 28:
Дар асари худ Дониш қафомондагии маориф ва фарҳанг, симои манфури табақаҳои хукумронро танқид намудааст. Ӯро дар надонистани асосҳои [[ислом]] ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чавобан Аҳмади Дониш асари «Меъёр-ут-тадайкон»-ро соли [[Соли 1894|1894]] дониши васеи худро доир ба фалсафаи дин исбот менамояд.
 
Ċċċċċċċ==Осори Аҳмади Дониш==
Дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш ду асари ӯ махсусан аҳамияти калон доранд. Яке аз ин асарҳо “Наводирулвақоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз таҳлили таърихи салтанати амирони манғит ва воқеаҳои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан “Рисолаи таърихӣ” меномем Муаллиф ба таълифи “Наводирулвақоеъ” зиеда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст. Аҳмади Дониш дар “Наводирулвақоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва хам мадрасаҳо хеле муфассал таваккуф намудааст. Дониш ба асари “Наводирулвақоеъ” тавсифи ду сафари ба [[Русия]] кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин ҳикояҳояш дар бораи маданият ва илми пешкадами Россия, дар бораи тараккиёти иҷтимоӣ ва иктисодии ин мамлакат маълумот ва наклҳои хеле шавкангез овардааст. Аҳмади Дониш ба ин восита, шахсони пешкадам ва умуман мардуми Бухороро ташвику таргиб намудааст, ки илмҳои дунёви ва санъату ҳунари инсониро, ки дар [[Русия]] хеле ривочу равнак дорад, омузанд ва барои тараккиёти чамъият истифода баранд. Хикоятҳои Аҳмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешкадами [[Русия]] ҳусни таваччуҳ бедор кард ва дӯстии халкҳои Осиёи Миёна ва [[Русия]]ро таргиб ва ташвик намуд. Дуюм асари машхури Аҳмади Дониш, ки афкори пешкадами сиёсиву иҷтимоӣ ва акидаҳои маорифпарварии у дар он боз хам равшантар баён шудааст, “Рисолаи таърихи ”-и уст. Ин рисола дар хамон шакле, ки ба мо расидааст, як қисми аввали асаре будааст, ки Ахмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо хамин қисм хам як асари мустакил аст ва шаклу мундаричаи томе дорад. Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном хам надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имрӯз дар байни ахли илм ва тадкикотчиён бо чанд ном машхур аст: “Тарчумаи холи амирони мангития”, “Таърихча”, “Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития” ва гайра. Рисолаи мазкур дар охири умри Ахмади Дониш таълиф ёфтааст ва аз хамин сабаб дар он вакт ба хамзамонони у нагз маълум набуд. Аз ин асар факат дӯстони наздиктарини у, ки ин рисоларо дар шакли сиёҳнавис хонда буданд, вокиф буданд. Аҳмади Дониш асарҳои калонтарини худро, аз кабили «Манозирулкавокиб» (Манзараҳои ситорахо), «Рисолаи фи аъмол ил кура» (Рисола дар бораи амалиет бо кура), «Чомеаулхикоет» (асари бадеии тарчумаихоли), «Наводирулвакоеъ» (вокеаҳои нодир) ва «Тарчумаи холи амирони Бухорои Шариф» бо наср навиштааст. У порчаҳои шеъри хам дорад.