Валиғонд (деҳа, н. Кӯҳистони Масчо): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{МА |унвон =Деҳа |номи тоҷикӣ = Валиғонд |номи аслӣ = |акс= Валиғонд н. Кӯҳистони Мастчоҳ.jpg |давла...
 
No edit summary
Сатри 33:
 
== Ҷуғрофия ==
Дар соҳили чапи дарёи [[Зарафшон]] ва доманаи қ.кӯҳиқаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ гардидааст. Аз Валиғонд то маркази ноҳия 50 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 650 нафар (2013), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, НБО-и хурди Валиғонд, 1 масҷид дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз рӯдхонаи Валиғонд ва дараи Такоб обёрӣ мешаванд. Аз ҳунарҳои мардумӣ косибӣ, наҷҷорӣ, оҳангарӣ, намадсозӣ ривоҷ дорад. Аҳолӣ тақрибан дар асрҳои 12 – 13 маскун шудаанд. Олим ва донишманд Мулло Муҳаммадшариф бо тахаллуси Эшони Мударрис зодаи Валиғонд буда, соли 1890 аз тарафи ҳукумати Бухоро ба сифати сафир ба Англия сафар кардааст. Соли 1956 мардумаш куллан ба Дашти Дилварзин кӯчонида шуда, Валиғонд беодам монда буд. Як қисми аҳолӣ (тақрибан 500 хоҷагӣ) бо нишони эътироз ба ноҳияи Букаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч бастанд. Айни замон тақрибан 3 ҳазор нафар аҳолии Валиғонд дар ноҳия Бука, 500 нафар дар шаҳраки Зарнисори ноҳияи Қайроққум ва 800 нафар дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагонӣ мекунанд. Аз ёдгориҳои таърихӣ мадфану мақбараи Шайх Ғиёсуддини Валӣ (асри 17), Мулло Абдувоҳид (аз Бухоро таъкиб шудааст), Мулло Абдулҳафизи Балогардон, Хоҷа Иброҳим, Хоҷаи Ёлдор, Хоҷаи Белдор (асрҳои 17–18) маҳфуз мондаанд, ки зиёратгоҳи мардум мебошанд.