Устура: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 15:
[[File:SchoolOfTabriz4.jpg|alt=Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.|thumb|Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.]]
'''Асотири эронӣ''' – асотире, ки халқҳои эронинажод, аз ҷумла ниёгони халқи тоҷик офаридаанд, таърихи бостонӣ доранд. Нахустин ишораҳо ба образҳои асотирии мардуми ҳиндуэронӣ (ориёиён) дар катибаву санадҳои шумерии асотир 18 ва асотир 14 то милод ба назар мерасанд. Инчунин аксар асотири гуногунмавзӯъ ва образҳои асотирии муштараки мардуми ҳиндуэронӣ дар осори қадими забони санскрит – «Ведаҳо» мавҷуданд, ки миёнаи ҳазораи 2 то милод мураттаб гардидаанд. Ҳаракати қабилаҳои ориёӣ ҳам тақрибан дар ҳамин давра оғоз ёфт ва онҳо дар [[Осиёи миёна|Осиёи Марказӣ]] (Эронзамин ва дигарон ҷойҳо) маскан гирифтанд. Давраи ташаккули бештари асотири ақвоми эронинажод ба асотирҳои 7 – 6 то м. рост меояд. Манбаъҳои асосии асотири эронӣ Авесто, катибаҳои Ҳахоманишиён, осори адабиёти паҳлавӣ, таърихҳо ба забони арабӣ ва форсии дарӣ, «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]] ва осори дар пайравии он навишташуда («Гаршоспнома», «Барзунома», «Озарбарзиннома», «Бонугушаспнома» ва ғайра), достонҳо («[[Искандарнома]]», «[[Вис ва Ромин]]» ва ғайра) мебошанд. Асотири эронӣ бо дини зардуштӣ робитаи мустаҳкам дошт ва аксар сужету образҳои асотирии он хусусияти динӣ касб намудаанд. Дар таъсири санавияти зардуштия асотири эронӣ муборизаи қувваҳои Неку Бад мушоҳида мешавад. Дар асотир зиддиятҳои мазҳабӣ, қабилавӣ, зиддияти кӯчиёну бумиён, ҷангҳои Пешдодиёну Каёниён бо турониён бо сарварии Афросиёб тазодди қувваҳои табиат – борону хушксолӣ, гармии тобистону сардии зимистон, тазодди фаслҳои сол, махлуқоти неку бад ва ғайра инъикос ёфтаанд. Сарвари қувваҳои нек Аҳура Маздо, қувваҳои бад Аҳриман мебошад. Эзадони нек Митра, Аредвисура Аноҳито, Тиштрйа, Апам Напат (эзади об), Рашн, Сурӯш, Ҳаома ва ғайра алайҳи эзадони бад Апаоша, Аешма (эзади хашму ғазаб) ва ғайра мубориза мебаранд. Дар асотири эронӣ офариниш (махлуқот)-и неку бад мавқеи муҳим доранд. Саг, барзагов, модагов, гӯсфанд, асп, шутур, аз парандагон – хурӯс, симурғ, шоҳин ва ғайра офаридаҳои нек; гург, мор, аждаҳо ва ғайра мавҷудоти бад ба шумор мераванд. <br />
 
Тасаввуроти асотирии космогонӣ ва антропологӣ (оид ба пай­доиши оламу одам)-и ниёгони халқи тоҷик дар давраҳои қадим пайдо шуда, дар оғози асрҳои миёна ташаккули бештар ёфта, торафт мураккабтар гардидааст. Дар ин бобат якчанд устура вуҷуд доранд, ки маъмултаринашон пайдоиши нахустин ҷуфти инсонӣ аз ҷасади Каюмарс ва барзагови ӯ мебошад. Каюмарс ва барзагови ӯ дар ду соҳили дарёи афсонавии Даитйа мезистанд. Аҳриман бо лашкариёни худ онҳоро нобуд кард. Аз ҷасади Каюмарс ду бутта ба мисли ревоҷ сабз шуд. Онҳо Машйо ва Машйонак (Марйо ва Марйонак, Малҳйо ва Малҳйонак ва ғайра) ном гирифтанд ва мувофиқи тасаввуроти қадими эро­ниён сарнасли инсоният мебошанд. Аз ҷасади гов филиззот, ҳар гуна гиёҳу рустаниҳо, дарёҳо ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи тасаввуроти асотирии эрониёни қадим, ки дар Авесто сабт аст, дунё ба ҳафт иқлим тақсим мешавад ва Аирйана-Ваеҷа – кишвари ориёниён дар марказ ҷой гирифтааст. Рӯди Воурукаша (фарохканор) дар марзи ин кишвар ҷорист. <br />
Тасаввуроти эсхатологӣ (оид ба биҳишт, дӯзах, охират)-и эрониёни қадим эсхатологияи дини зардуштӣ мебошад. Мувофиқи он, равони мардум пас аз марг ба биҳишт ё дӯзах меравад. Барои ба дӯзах ё биҳишт рафтани мурдагон Митра, Рашн ва Сурӯш довар таъйин шудаанд. Онҳо гунаҳкор ё бегуноҳ будани мардумро муайян мекунанд. Мардум бояд аз болои пули Чинвот, ки чун мӯй борик аст, бигузаранд. Танҳо бегуноҳон аз он гузашта метавонанд. Тасвири дӯзаху биҳишт дар асари паҳлавии «Ардавирофнома» омадааст. <br />
Line 24 ⟶ 25:
Симоҳои асотирӣ ва мавзӯъҳои асотирӣ дар осори манзуму мансури адибони тоҷик асотир [[Абулқосим Лоҳутӣ|Лоҳутӣ]], [[Муъмин Қаноат]], [[Лоиқ Шералӣ|Лоиқ]] (шеъри «Користон», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»), [[Сорбон]], [[Сайфи Раҳимзод|Афардӣ]], [[Баҳманёр]] ва дигарон ба назар мерасанд.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
* Адабиёт: Лосев А. Ф. Диалектика мифа. Москва, 1930; Ҳамон. Введение в античную мифологию. Ученые записки пединститута. Филологическая серия, выпуск 5. Сталинабад, 1954; Ҳамон. Античная мифология в историческом развитии. Москва, 1957;
* Ранович А. Б. Мифология. ЛЭ. Т. 7. Москва, 1934;
Line 47 ⟶ 48:
* ابوالقاسم اسماعیلپور. استورۀ آفرپنش در آئین مانی. تهران، ۱۳۸۱ هـ. ش / М. Диловаров, А. Шарифов.
 
 
[[Гурӯҳ:Асотир]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Устура"