Бӯринисо Бердиева: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Бӯриниссо Бердиева to Бӯринисо Бердиева: ислоҳи номгузорӣ
Сатри 26:
== Зиндагинома ==
Бӯринисо Бердиева [[3 декабр]]и [[соли 1927]] дар [[Панҷакент]] ба дунё омадааст. Азбаски фарзандони қаблии волидонаш бармаҳал вафот мекарданд, ӯро Бӯринисо ном карданд, ки мисли гург сахтҷон бошад.
Ҳарду маълумоти олии Бердиева аз мактабҳои ҳизби ҳокими вақти коммунист буд. Бӯринисо Бердиева дар овони таҳсил дар мактаби ҳизбӣ ба ҳамсабақаш аз [[Дарвоз]] Ҷавҳаршоҳ Раҳматуллоев издивоҷ кард. Беш аз як даҳсола собиқаи кори ҳизбии ӯ дар Шӯрободу[[Шӯробод]]у [[Кӯлоб]] гузашта, Бердиева дар ин ҷо то мақоми котиби дуввуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист "сабзид” ва дар миёнаи солҳои панҷоҳ ба [[Душанбе]], ба кумитаи марказии ҳизби коммунист гузашт.
Соли 1958, баъди хатми бахши журналистикаи мактаби олии КПСС дар [[Маскав]], вақте маҷаллаи "Тоҷикистон”-и [[Абдусалом Деҳотӣ|Абдусалом Деҳоти]]ро барҳам доданд ва ба ҷояш маҷаллаи "Васияти Ленин” рӯи кор омад, раҳбариашро ба Бердиева доданд. Дар соли 1960 ӯ ба симати сардабири "Маориф ва маданият” нишаст ва дар тӯли 23 соли баъдӣ аз ин нашрия рӯзномае сохт, ки бо зери 70 000 нусхаи нашр дар дили низоми ҳокими коммунист даҳшат андохта, сутунҳои ин низоми зоҳиран муҳкамро ларзонд.
 
== Хотираҳо ==
Дар он даврон мақомоти коммунистӣ "Маориф ва маданият”-ро ҳатто "лонаи оппозитсия” ва "маркази диссидентҳо” ном мебурданд. [[Бозори Собир]], аз дигарандешоне, ки Бердиева дар он лаҳазоти мушкил дар канори худ гирифт, мегӯяд, ҷавви ҳоким бар "Маориф ва маданият”-и он солҳо озодихоҳӣ буд, ки дар ҳеҷ рӯзномаи дигари он даврон дида намешуд ва ин рӯзнома дар аҳди Бӯринисо Бердиева ба як маркази асосии бедории миллии он айём табдил ёфт:"Оппозитсия набуд, лекин одамони камубеш норозӣ, ранҷида ва рондашуда дар онҷо гирд меомаданд. Масалан, Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим ва мисли онҳо як дастаи гулҳои сари сабади ҳамин ҷамъомадҳо буданд." Бозори Собир мегӯяд, ҳар шумораи наврӯзии "Маориф ва маданият” дучори ҳамлаи мақомоти вақти Тоҷикистон мешуд, вале андешаи сардамдорони вақт аз Бердиева ва ҷасорату бараҳнагӯияш буд, ки 23 сол дар раҳбарии ин нашрия пойдор монд:"Ҷанҷол мекарданд ҳар бор. Ҳам аз вазоратҳои маорифу маданият ва ҳам аз иттифоқи нависандаҳо эътироз баён мекарданд, ки чаро Наврӯзро таблиғ мекунад. Ҳатто мегуфтанд, ки шумо мардумро аз роҳ мезанед. Фаъолияти Бердиев аз ҳеҷ ҷонибе дастгирӣ намеёфт. Ҳама норозӣ буд. Вале ӯ як авторитет буд. Бердиеваро нағз намедиданд, албатта, ба ягон маъракаи расмӣ даъваташ ҳам намекарданд, аммо аз ӯ метарсиданд, чунки камбудиҳои мақомотро фошофош дар рӯяшон мегуфт. Агар вазири маориф ё вазири маданият Меҳрубон Назаров, барои мисол, ягон кори нодуруст мекард, Бердиева ё тавассути рӯзнома ё дар маҷлисҳои расмӣ беибо танқидашон мекард.”<ref>http://akhbor.com/index96.htm БӮРИНИСО БЕРДИЕВА - ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ</ref>