Фарқият байни намунаҳои "Дайр"

 
=== Дайрҳои масеҳӣ ===
[[Акс:Katharinenkloster Sinai BW 2.jpg|thumb|left|250px|<center>[[Дайри катеринаи Муқаддас]] — яке аз қадимтарин дайрҳои масеҳии ҳамешафаъол дар ҷаҳон</center>]]
Дайрҳои масеҳӣ нахуст ҳамчун паноҳгоҳи зоҳидони овора дар Миср (асрҳои 3–4) ва аз асри 4 ҳамчун маъвои ҷамоаи зоҳидон пайдо шуданд. Асрҳои 4–5 Д.-ҳо дар Фаластину Шом ва сипас дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин густариш ёфтанд. Дайрҳо дар асрҳои миёна аз ҳисоби заминҳои деҳқонон заминдори калон гашта, дар ҳаёти сиёсии давлат фаъолона ширкат мекарданд. Дар ин давра мулкҳои хусусии баъзе Ддайрҳо ба садҳо ҳазор га мерасид. Масалан, дар асри 9 дайрҳои фаронсавии Сен-Жермен-де-Пре 430 ҳазор га, Сен-Мартен 810 ҳазор га замин доштанд. Дар заминаи дайрҳои католикӣ силсилаҳои роҳибӣ пайдо шуданд, ки дар асрҳои 12–13 дар ҷангҳои салибӣ ба салибдорон мадад мекарданд. Дар давраи Реформатсия дар кишварҳое, ки протестантизм интишор ёфта буд, раҳбоният аз байн бурда шуд; дайрҳои католикиро баста, мулкҳои онҳоро аз тобеияташон озод карданд. Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои 18–19, хусусан Инқилоби бузурги Фаронса низ, ба дайрҳо зарбаи шадид зада шуд. То соли 1917 дар Руссия 1025 дайрҳои православӣ мавҷуд буд, ки қариб 100 ҳазор роҳибу роҳиба ва ихлосманд дошт. Соли 1910 дайрҳо 739 ҳазор даҳяки замин дар 50 губернияи Руссия доштанд, ки аз онҳо фоидаи калони молиявӣ ба даст меоварданд. Тибқи маълумоти расмӣ, солҳои 70 асри 20 дар ҷаҳон 25 ҳазор дайри мардона ва 100 ҳазор Дайри занона мавҷуд буд, ки 10–20 нафар бошанда доштанд. Дар бисёр кишварҳои муосир дайрҳо ҳамчун воҳиди мустақили хоҷагӣ-иқтисодӣ мақоми худро аз даст додаанд; мулкҳои азими онҳо барҳам дода, маҳдуд ва ё мусодира карда шуданд ва шумораи бошандагонашон низ хеле коста гардида, баъзеашон аз байн рафтаанд.